Май 05, 2019 09:58 Asia/Dushanbe
  • Паёмадҳои афзоиши қарзи хориҷии Тоҷикистон

Иқтисоддони тоҷик дар бораи паёмадҳои ногувори афзоиши қарзи дохилии Тоҷикистон барои ояндаи сиёсӣ ва иҷтимоии ин кишвар ҳушдор дод.

Ба нақл аз сомонаи Тоҷ-Вик, Собир Қурбонов, ки собиқаи ҳамкорӣ бо ниҳодҳои молии байналмиллалӣ дорад мегуяд, афзоиши қарзи хориҷии Тоҷикистон ба Чин ва ниҳодҳои молии байналмиллалӣ дар шароити надоштани иқтисоди дар ҳоли рушд, маҳдуд будани содирот ва арзоварӣ метавонад дар баланд муддат паёмадҳои ногувор эҷод кунад.

Қарзи хориҷии Тоҷикистон ба Чин ҳамакнун ба беш аз як миллиарду 200 миллион доллар расида ва ҳамчунон ру ба афзоиш аст.

Ин дар ҳолест, ки бархе кишварҳои осиёӣ ва африқоӣ ба далели афзоиши қарзи худ ба Чин ва нотавонӣ дар пардохти қарзҳояшон ба Пекин маҷбур шуданд, ки бандарҳо, корхонаҳо, маъданҳо ва манобеъи оби худро ба ин кишвар вогузор кунанд.

Миёнгини солонаи  бозпардохти қарзи хориҷии Тоҷикистон аз ҳисоби будҷети ҳукумати ин кишвар 10 то 20 дарсад аст, ки дар сурати коҳиши арзиши сомонӣ дар баробари арзҳои хориҷӣ фишори зиёдеро ба иқтисоди Тоҷикистон ворид хоҳад кард.

Аз дидгоҳи Собир Қурбонов яке аз роҳҳои афзоиши тавлидоти саноъатӣ, иртиқои зарфияти содиротӣ ва таъини арзи мавриди ниёзи Тоҷикистон сохти корхонаҳои нав, эътои тасҳилот ба бахши хусусӣ ва беҳбуди шароити ҷазби сармоягузории хориҷӣ аст, ки метавонад таҳдидоти бархоста аз афзоиши қарзи хориҷии ин кишварро аз байн бибарад.