Май 05, 2019 14:39 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи мубораки Рамазон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон фаро расидани моҳи мубораки Рамазонро барои мардуми кишвараш табрик гуфт.

Ба нақл аз Дафтар матбуотии раёсат ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми телевизионӣ бо баршумордани фазилатҳои моҳи мубораки Рамазон, эҳсон, некукорӣ ва расидагӣ ба ятимон ва маълулон, беморон ва қишрҳои фақири ҷомеъа дар ин моҳи пурфазилатро хостор шуд.

Вай дар бахше аз ин паём аз мардуми Тоҷикистон хостааст, ки аз исроф дар моҳи мубораки Рамазон худдорӣ кунанд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин бо ишора ба фасли гармо ва машаққати рӯзадорӣ таъкид кардааст, афроде, ки дар саҳро кишоварзӣ мекунанд метавонанд рӯзаи худро дар замони дигаре бигиранд!

Аз дидгоҳи Эмомалӣ Рамҳон дар сурати бардошт нашудани маҳсулоти кишварзӣ дар асраъи вақт, имкони бурузи қаҳтӣ ва гуруснагӣ низ вуҷуд хоҳад дошт. Аз ин ру ба  кишоварзон ва коргарони корхонаҳо ва коргоҳҳо тавсия шудааст, ки рӯзаи худро дар ғайри моҳи мубораки Рамазон бигиранд, то ба саломатии онон зиён ва зарар ворид нашавад.

Дар Тоҷикистон рӯзи душанбе 6 майи соли равон ба унвони оғози моҳи мубораки Рамазон дар ин кишвар эълом шудааст.