Май 06, 2019 18:28 Asia/Dushanbe
  • Кумаки 50 миллиондолларии Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон

Бонки Ҷаҳонӣ ба манзури таҷҳизи Маркази мудирияти шароити изтирории Тоҷикистон, ба ин кишвар 50 миллион доллар қарзи бебозгашт ихтисос дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар чорчӯби ин кумаки молӣ, роҳҳои ислоҳи барномаҳои мубориза бо балоёи табиӣ дар Тоҷикистон таҳия ва дар марокизи мудирияти шароити буҳрон сармоягузорӣ мешавад.

Афзоиши зарфияти муассисаи заминшиносии Тоҷикистон барои муҳандисии зилзила ва зилзилашиносӣ ва арзёбии хатарҳои зилзила ва низ коҳиши шоки молии ношӣ аз балоёи табиӣ аз дигар аҳдофи ин кумаки молӣ аст.

Ба гуфтаи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, паёмадҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии балоёи табиӣ дар Тоҷикистон қобили таваҷҷуҳ аст ва хисороти иқтисодии ношӣ аз балоёи табиӣ дар ин кишвар дар солҳои 1992-2016 дар маҷмуъ 1.8 миллиард доллар будааст ва тақрибан 7 миллион нафар бар асарт ин ҳаводис осеб дидаанд.

Беш аз 70 миллион нафар дар кулли минтақаи Осиёи Марказӣ бо хатарҳое монанди зилзила, рониши замин, боло омадани сатҳи об, баҳман ва сел мувоҷеҳ ҳастанд.