Май 11, 2019 09:38 Asia/Dushanbe
  • Камёб шудани гӯшт дар шаҳри Душанбе дар моҳи Рамазон

Сокинони шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон аз камёб шудани гӯшт дар бозорҳои ин шаҳр дар моҳи мубораки Рамазон шикоят доранд.

 Ба нақл аз сомонаи Канюуз, аксари дуконҳои фурӯши гӯшт дар шаҳри Душанбе холӣ аст ва фурӯшандагон мегӯянд, нархи 40 сомонӣ барои ҳар килло гӯшт,ки шаҳрдорӣ таъйин кардааст ба зиёни онон тамом мешавад ва фурӯш надоранд.

Аз ин рӯ аксари қасобҳо дар дуконҳои хеш гӯшт надоранд ва ё дарби ин мағозаҳо бастааст. Яке аз қасобҳо гуфтааст,ки онон говро ба қимати 45 сомонӣ барои ҳар килло гӯшт харидорӣ мекунанд ва шаҳрдорӣ дастур медиҳад,ки бояд ҳар килло гӯшт ба қимати 40 сомонӣ фурӯхта шавад,ки ин ,ғайри мумкин аст.

Ба ин далел тамоми қасобҳо дар остонаи варшикаст шудан қарор гирифтаанд. Домдорон низ баҳона мекунанд,ки нархи хуроки дом боло рафта ва наметавонанд ба зиёни хеш амал кунанд ва мутаҳамили хасороти молӣ шаванд. Коршиносон мегуянд,ки иқдоми шаҳрдорӣ барои маҷбур кардани қасобҳо ба фурӯши ҳар килло гӯшти гов ба қимати 40 сомонӣ иллати аслии камёб шудани ин маҳсуул дар бозорҳои шаҳри Душанбе аст.

 Аз дидгоҳи ин коршиносон мудохилаи Ҳукумат дар раванди нархгузорӣ барои арзаи гӯшт дар моҳи мубораки Рамазон муҷиби эҷоди ихтилол дар фаъолияти қасобҳо шудааст.

 Дар Тоҷикистон маъмулан ҳамасола бо фаро расидани моҳи мубораки Рамазон бовуҷуди таъкиди мақомоти Ҳукуматӣ бар зарурати афзоиш наёфтани нархи маводи ғизоӣ, ин дастур нодида гирифта мешавад.