Нигаронии як мақоми тоҷик аз ҳузури ДИИШ дар Афғонистон
Як мақоми тоҷик аз ҳузури ДИИШ дар Афғонистон ибрози нигаронӣ карда ва вуҷуди ин гуруҳи такфирӣ-террористиро мушкиле барои кулли Осиёи Марказӣ унвон кард.
Ба гузориши Садои Хуросон, Файзуллоҳ Баротзода мудири Маркази исломшиносии Тоҷикистон дар мусоҳиба бо хабаргузории Ховар гуфт, бо интиқоли ДИИШ ба Афғонистон ин гуруҳи террористӣ бо дигар гуруҳҳои ифротӣ-мазҳабӣ монанди Толибон якҷо шуд, ки ин вазъият таҳдидҳоеро барои субот ва амнияти кишварҳои минтақа эҷод кардааст.
Мудири Маркази исломшиносии Тоҷикистон вобаста ба ниҳоди раёсат ҷумҳурии ин кишвар дар идома ба ин воқеъият ишора мекунад, ки бахше аз аъзои ДИИШ дар Афғоинстон зодагони Осиёи Марказӣ ҳастанд.
Баротзода гуфт , ҳарчанд неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон тавони муқобила бо ҳаргуна таъаррузи ДИИШ ва дигар гуруҳҳои террористии мустақари Афғонистонро доранд, бо ин ҳол кишварҳои минтақа низ бояд барои аз байн бурдани ин хатар ҳамкорӣ кунанд.
Маҳофили сиёсӣ ва расонаии Русия ва Афғонистон пештар сароҳатан Амрико ва ғарбро омили аслии интиқоли ДИИШ ба Афғонистон эълом карда буданд.