Ширкати "Тоҷик-Эйр" барои интиқоли зоирони тоҷик омода мешавад
(last modified Wed, 15 May 2019 06:43:15 GMT )
Май 15, 2019 11:43 Asia/Dushanbe
  • Ширкати

Мудири Cозмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон аз омода шудани ширкати "Тоҷик-Эйр" барои интиқоли зоирони ин кишвар ба сарзамини ваҳй дар моҳи августи соли ҷорӣ хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, Икром Субҳонзода гуфтааст, ки ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик-Эйр" барои азсаргирии парвозҳои худ дар тобистони соли ҷорӣ омода мешавад, ки яке аз барномаҳо интиқоли зоирони ин кишвар ба Арабистон дар моҳи августи имсол хоҳад буд.

Ширкати ҳавопаймоии давлатии "Тоҷик-Эйр" охирҳои соли 2018 тамоми парвозҳои худро дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон мутаваққиф кард ва Хайрулло Раҳимов, мудири он барканор шуд.

Ҳамчунин эълом шуд, ки  ин ширкат парвозҳои худро аз охирҳои моҳии марти соли ҷорӣ аз сар мегирад, ки он амалӣ нашуд. Гуфта мешавад мушкили асосии ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик-Эйр", ки мӯҷиби бурузи бӯҳрон дар пардохти қарзҳои он шуда, молӣ аст.