Май 21, 2019 20:02 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Раҳмон аз густариши фаъолиятҳои террористӣ дар фазои маҷозӣ

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз истифодаи гурӯҳҳои террористӣ аз интернет ва фазои маҷозӣ барои расидан ба аҳдофи худ ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо руасои созмонҳои амниятии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар чиҳилу шашумин нишасти ин ниҳод дар шаҳри Душанбе аз афзоиши истифодаи гурӯҳҳои террористӣ аз интернет ва фазои маҷозӣ ибрози нигаронӣ кард ва ҳамкории бештари ниҳодҳои амниятии ИДМ-ро барои муқобила бо ин падида хостор шуд. Вай бо ишора ба авзои Афғонистон ва кишварҳои Ховари Миёна гуфт, имрӯз гурӯҳҳои террористӣ ба бахши муҳиме аз бозиҳои геополотикӣ табдил шудаанд ва талош мекунанд, доманаи фаъолияти худро ба дигар манотиқи ҷаҳон низ густариш диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки хатари фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар марзи муштарак ва тӯлонии Тоҷикистону Афғонистон, ки марзҳои ҷануби кишварҳои узви ИДМ аст, иқтизо мекунад, ки ниҳодҳои амниятии ин кишварҳо ҳамкориҳои худро тақвият кунанд. Ба гуфтаи Раҳмон, Тоҷикистон дар хатти муқаддами мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ, қочоқчиёни маводи мухаддир ва ҷиноёти созмонёфтаи фаромиллӣ қарор дорад ва дар таъмини амнияту суботи минтақа нақши калидӣ ифо мекунад.

Чиҳилу шашумин нишасти руасои созмонҳои амниятии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои баррасии авзои минтақа ва роҳкорҳои мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

 

Барчасп