Май 23, 2019 13:21 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии парвози ҷадид миёни Тоҷикистон ва Эрон

Парвози масири ҳавоии Машҳад-Душанбе ва баръакс аз 16 хурдодмоҳи 1398 -и шамсӣ, баробар бо 6 –уми июни соли ҷорӣ роҳандозӣ мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз Абдурризо Муҳаммадӣ, масъули намояндагии Сафорати Тоҷикистон дар Машҳад, парвози Машҳад – Душанберо ширкати ҳавопаймоии эронии “Вореш” бар уҳда хоҳад дошт ва торихи эъломшудаи оғози парвозҳо аз 16 хурдод қатъӣ шудааст.

Қимати ҳудудии билети рафту баргашти парвози масири ҳавоии Машҳад-Душанбе 3750 сомонӣ ва масири яктарафа, яъне танҳо рафт ё баргашт 2360 сомонӣ аст.

Абдурризо Муҳаммадӣ дар суҳбат бо Садои Хуросон таъйид кард, ки муҷаввизи парвози ҳавоӣ аз сӯйи Эрон ва Тоҷикистон содир шудааст. Ҳамчунин ҷонибҳои Тоҷикистон ва Эрон иҷозаи фуруши билетро низ содир кардаанд. Дафтари фурӯши билетҳо дар Машҳад, воқеъ дар хиёбони Дастғайби 4 ва 6 аст. Дафтари фурӯши билетҳо дар Душанбе дар хиёбони Лоҳутӣ, воқеъ дар маркази тиҷории “Ашан” аст.   

Қаблан ду ширкати эронӣ ва тоҷикистонӣ дар масирҳои Душанбе-Теҳрон ва баръакс ва Машҳад-Душанбе ва баръакс парвоз анҷом медоданд. Парвозҳои ширкати “Тоҷик Эйр” беш аз панҷ моҳ аст, ки дар масири Душанбе – Теҳрон қатъ шудааст. “Тоҷик Эйр” аз авохири декабри соли 2018 парвозҳояш дар масири Теҳронро қатъ карда буд.

Қаблан ширкати эронии “Осмон Эйр” низ аз Машҳад ба Душанбе парвоз анҷом медод, ки аз ҳудуди 8 моҳи пеш ин парвозҳо қатъ шудаанд. Охирин парвози ширкати “Осмон Эйр” дар торихи 20 –уми сентябри соли 2018 анҷом шуда буд.  

 

Барчасп