Қатли фаҷеи як зан дар ноҳияи Мастчоҳ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i43993-Қатли_фаҷеи_як_зан_дар_ноҳияи_Мастчоҳ
Як зан дар ноҳияи Мастчоҳ ба тарзи фоҷеаборе ба қатл расидааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 24, 2019 17:31 Asia/Dushanbe
  • Қатли фаҷеи як зан дар ноҳияи Мастчоҳ

Як зан дар ноҳияи Мастчоҳ ба тарзи фоҷеаборе ба қатл расидааст.

Ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати дохилии Тоҷикистон, ин ҳодиса дирӯз дар минтақаи Пулдораки ноҳияи Мастчоҳ, дар шимоли Тоҷикистон рух додааст.

Омили қатли ин зани 42 сола бародаршавҳари 43 солааш эълом шудааст. Тибқи ин гузориш, фоҷеа замоне рух дода, ки қотил ба думболи мушоҷира бо зани бародараш 20 зарбаи чоқу ба бадани ӯ ворид кардааст. Дар натиҷа зан дар маҳалли ҳодиса ҷон бохтааст.

Марди қотил боздошт ва бар алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Хушунатҳои хонаводагӣ яке аз мушкилоти доғ дар ҷомеаи имрӯзии Тоҷикистон аст.