Гумоназаниҳо дар бораи ҳузури Раҳмон дар нишасти Иттиҳодияи АвроОсиё
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i44093-Гумоназаниҳо_дар_бораи_ҳузури_Раҳмон_дар_нишасти_Иттиҳодияи_АвроОсиё
Даъват аз раисҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё дар пойтахти Қазоқистон, ҳадс ва гумонҳо дар бораи узвияти ин кишвар дар ин ниҳоди ҳамгироии минтақавиро афзоиш дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 29, 2019 06:43 Asia/Dushanbe
  • Гумоназаниҳо дар бораи ҳузури Раҳмон дар нишасти Иттиҳодияи АвроОсиё

Даъват аз раисҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё дар пойтахти Қазоқистон, ҳадс ва гумонҳо дар бораи узвияти ин кишвар дар ин ниҳоди ҳамгироии минтақавиро афзоиш дод.

Ба нақл аз сомонаи ахбори Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон дар 5 соли ахир дар ҳоли баррасии мавзӯи пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё аст ва мақомоти ин кишвар то кунун дар ин замина ба натиҷае нарасидааст.

Аммо бо даъват аз Эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё  дар шаҳри Нурсултон эҳтимолҳое дар бораи тамоюл ва тасмими Тоҷикистон барои узвият дар ин ниҳоди ҳамгироиии минтақавӣ матраҳ шудааст.

Тоҷикистон ба далели узвият надоштан дар ин иттиҳодия ва мушаххас набудани ҷойгоҳи ҳуқуқии коргарони муҳоҷираш дар Русия, ҳамасола 500 миллион доллар аз даромади ин афродро аз даст медиҳад.