Ташкили 15 парвандаи ҷиноӣ алайҳи зиндониёни муқассир дар шуриши зиндони Роҳатӣ
(last modified Thu, 30 May 2019 04:42:39 GMT )
Май 30, 2019 09:42 Asia/Dushanbe
  • Ташкили 15 парвандаи ҷиноӣ алайҳи зиндониёни муқассир дар шуриши зиндони Роҳатӣ

Раиси Созмони зиндонҳои Тоҷикистон аз ташкили 15 парвандаи ҷиноӣ алайҳи зиндониёни муқассир дар шуриши зиндони Роҳатӣ воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат хабар дод.

Ба нақл аз Спутник, генерал Мансурҷон Умаров гуфтааст додситонии кулли Тоҷикистон дар чорчуби ин 15 парванда, 40 зиндониро ба иттиҳоми мушорикат дар ошуби зиндони Роҳатӣ шаби 19 майи соли равон таҳти бозҷӯӣ қарор додааст.

Ба гуфтаи вай ҳамчунин 5 корманди ин зиндон ба иттиҳоми фирор аз иҷрои вазифа, бетаваҷҷуҳӣ ва пинҳон шудан ҳангоми бурузи ин ҳодиса посухгӯи амалкарди хеш хоҳад буд.

Дар паи саркуби ошуби зиндони Роҳатӣ шаби 19 майи соли равон 29 зиндонӣ ва 3 корманди ин зиндон кушта ва теъдоди зиёде низ захмӣ шудаанд.

Дар миёни ашхоси кушта шуда дар ин моҷаро саид Қиёмуддин Ғозӣ, Махдум Абдулсаттор ва Шайх Теймур се шахсияти саршиноси мазҳабии тоҷик низ шиносоӣ шудаанд.

Раёсати Созмонҳои Тоҷикистон аз Беҳрӯз Гулмурод фарзанди генерал Гулмурод Ҳалимов фармондеҳи собиқи неруи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, ки дар соли 2015 ба гуруҳи ДИИШ пайвастааст, Фахруддин Гулов ва Муҳаммадуллоҳ Шарифов ва Руҳуллоҳ Ҳасанов ба унвони саркардагони шуриши ахири зиндони Роҳатӣ ва аъзои гуруҳи террористии ДИИШ ёд кардааст.

Ин дуввумин ошуби хунин дар зиндонҳои Тоҷикистон таи як соли ахир ба ҳисоб меояд.

Дар шуриши шаби 7 ноябри соли 2018 дар зиндони шумораи 3 шаҳри Хуҷанд низ бар асоси гузориши расмӣ 21 нафар кушта шудаанд.