Пешниҳоди афви 200 ҳазор коргари муҳоҷири ихроҷии тоҷик аз Русия
Мақомоти Тоҷикистон тарҳи афви 200 ҳазор коргари муҳоҷири ихроҷии тоҷик аз Русияро ба мақомоти Маскав ироа карда ва умедворанд, ки ин пешниҳод пазируфта шавад.
Ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, Иброҳим Аҳмадӣ сухангӯи Дафтари намояндагии Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав бо таъиди ин хабар гуфтааст, ки ин мавзӯъ бо посухи мусбати мақомоти давлати Русия ру ба ру шудааст ва замони афв эълом хоҳад шуд.
Мақомоти тоҷик теъдоди коргарони ихроҷии ин кишвар аз Русияро, ки муртакиби ҷиноятҳои сангин нашуда ва бештар ба далели нақзи қонуни кор ва иқомат аз қаламрави ин кишвар ихроҷ шудаанд наздик ба 200 ҳазор нафар унвон мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки дар соли 2017 мақомоти Русия беш аз 118 ҳазор коргари муҳоҷири ихроҷии тоҷикро мавриди афв қарор дода буданд.
Аммо Каримҷон Ёров мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия муътақид аст ҳар аз чанд соле мавриди афв қарор додани ин ашхос роҳи ҳалли мушкил нест, чаро ки бояд ҳукумати Тоҷикистон барои шаҳрвандони худ дар дохили кишварашон иштиғолзоӣ кунад ва ба дунболи пайдо кардани муҳоҷирати неруи кор ба ғайр аз Русия ба кишварҳои дигар низ бошад.
Аз назари Ёров шароити ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ҳузури коргарони муҳоҷири тоҷик дар таи ду даҳ солаи ахир дар Русия беҳбуд наёфтааст ва умеде ба беҳтар шудани вазъияти ин ашхос вуҷуд надорад.
Аз дидгоҳи вай агар ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад аз вобастагии шадид ба даромади ирсолии коргарони муҳоҷири хеш аз Русия бикоҳад ва таҳти фишорҳои сиёсии Маскав қарор нагирад, бояд ҳам дар фикри иштиғолзоӣ барои шаҳрвандони хеш дар дохили кишварашон ва ҳам пайдо кардани масирҳои нави эъзоми неруи кор ба дигар кишварҳо бошад.
Мақомоти Русия теъдоди коргарони дорои иҷозатномаи кори тоҷик дар дохили кишварашонро беш аз 1 миллиону 500 ҳазор нафар унвон мекунанд.