Июн 04, 2019 20:06 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли гумонбарони ошӯби зиндони Хуҷанд ба Душанбе

Наздикони зиндониёни гумонбар дар шӯриши шаби 7-уми ноябри соли 2018 дар зиндони шумораи сеи шаҳри Хуҷанд аз интиқоли ин афрод ба шаҳри Душанбе бидуни иттилоъ ба хонаводаҳояшон хабар додаанд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбори Осиёи Марказӣ”, гуфта мешавад, ин кор бидуни иттилои вакилони мудофеи ин зиндониён анҷом шуда, ки аз дидгоҳи онон, ғайриқонунӣ аст. Ҳуқуқдонон интиқоли афроди мазнуни мавриди муҳокимаро мамнуъ ва танҳо пас аз судури ҳукми маҳкумият дар додгоҳи аввалия ва таъйиди он аз сӯйи Додгоҳи Олии Тоҷикистон муҷоз медонанд.

Генерал Мансурҷон Умаров, раиси Созмони зиндонҳои Тоҷикистон бо таъйиди хабари интиқоли 33 зиндонии мазнун дар шӯриши зиндони Хуҷанд ба Душанбе эълом кардааст, ки ин иқдом бо ҳадафи таъмини амнияти ин афрод анҷом шудааст. Вай таъкид кардааст, ки ҳукми маҳкумияти ин афрод дар пойтахт эълом хоҳад шуд.

Манобеи Додгоҳи Олии Тоҷикистон мегӯянд, иттиҳоми ин афрод сангин аст ва ба эҳтимоли зиёд аз 10 то 20 соли зиндон ба маҳкумияти қаблии онон изофа хоҳад шуд.

Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон қаблан эълом карда буданд, ки дар шӯриши шаби 7-уми ноябри соли 2018 дар зиндони шумораи сеи шаҳри Хуҷанд 21 зиндонӣ ва ду корманди ин зиндон кушта ва теъдоди зиёде низ захмӣ шудаанд. Ин мақомот муддаиянд, саркардаҳои ошӯби зиндони Хуҷанд, ки ба ҷурми терроризм ва ифротгароӣ маҳкум шуда буданд, кормандони зиндонро ба шакли фаҷеъ ба қатл расонданд. Аз сӯйи дигар додгоҳи шаҳри Хуҷанд ҳафтаи қабл нуҳ корманди ин зиндонро ба иттиҳоми саҳлангорӣ дар иҷрои вазоифшон дар ин ҳодиса ба 2 солу 6 моҳ то 4 соли зиндон маҳкум кард. Ин дар ҳолест, ки дар шӯриши дигаре дар зиндони Роҳатӣ, дар шарқи шаҳри Душанбе шаби 19-уми майи имсол 29 зиндонӣ ва 3 корманди ин зиндон кушта ва теъдоди зиёде низ захмӣ шуданд.

 

Барчасп