Июн 05, 2019 17:15 Asia/Dushanbe
  • Табрики раисҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати иди Фитр ба давлат ва миллати Эрон

Раисҷумҳури Тоҷикистон иди саиди Фитрро ба миллат ва давлати Эрон табрик гуфт.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе дар паёми табрикии худ ба Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муносибати фаро расидани иди Фитр гуфт: “итминон дорам, ки равобити созанда ва судманди ду кишвар густариш ёбад”.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон низ пештар дар паёмҳои ҷудогонае ба сарони кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр эълом кард, иди Фитр таҷаллии иттиҳод, ҳамбастагӣ ва таҳкими пайвандҳои иҷтимоӣ миёни мусалмонон аст.

 

Барчасп