Июн 05, 2019 20:31 Asia/Dushanbe
  • Созмони Милали Муттаҳид хостори озодии Бузургмеҳр Ёров

Коргурӯҳи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури боздоштҳои худсарона, бо ғайриқонунӣ хондани боздошт ва маҳкумияти Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи саршиноси ҳуқуқии Тоҷикистон, хостори озодии вай аз зиндон шудааст.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, дар баёнияи ин коргурӯҳ эълом шудааст, ки далели аслии боздошт ва зиндонӣ шудани Бузургмеҳр Ёров бар уҳда гирифтани масъулияти ваколати дифоъ аз ҳуқуқи мухолифони ҳукумати Тоҷикистон мебошад, ки муғойир бо тааҳҳудоти байналмилалии ин кишвар аст.

Бузургмеҳр Ёров моҳи сентябри соли 2015, пас аз қабули дифоъ аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон ва таъсиси кумитаи дифоъ дар ин замина боздошт шуд ва тайи се ҷаласаи додгоҳ дар маҷмуъ ба 28 соли зиндон маҳкум гардид.

Додгоҳи шаҳри Душанбе октябри соли 2016 вайро бар асоси 5 моддаи қонуни асоси кишвар, даъвати умумӣ барои барандозии ҳукумат, барангехтани кина ва душманӣ, даъват ба ифротгароӣ ва ... ба 23 соли зиндон бо мусодираи мулку амволаш маҳкум кард.

Дар марти соли 2017 ба иттиҳоми таҳқири намояндагони додгоҳ ва додситонӣ ду сол ба ҳабси Ёров изофа шуд. Дар августи соли 2017 иттиҳом ба таҳқири раисҷумҳур, се соли дигар ба ҳабси Бузургмеҳр Ёров афзуд ва дар маҷмуъ ҳукмаш ба 28 соли зиндон расид.

 Дар баёнияи коргурӯҳи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури боздоштҳои худсарона, ки шомили 4 созмони дидабони ҳуқуқи башари байналмилалӣ, аз Freedom Now  Lawyers for Lawyers, Hogan Lovells US LLP ва DLA Piper UK LLP мешавад, аз Ҳукумати Тоҷикистон хоста шудааст, ки бидуни қайду шарт Бузургмеҳр Ёровро аз зиндон озод кунад.

 

Барчасп