Сентябр 19, 2016 14:23 Asia/Dushanbe
  • Рунамоӣ аз китоби мақолоти донишмандони тоҷик дар Теҳрон

Аз китоби мақолоти донишмандони тоҷик дар Теҳрон бо унвони "Як байти парниён" рунамоӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, дар шаҳри Теҳрон китоби "Як байти парниён" бо ҳамкории Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО) ва Сафорати Тоҷикистон ва бо ширкати шахсиятҳои матраҳи фарҳангиву донишгоҳӣ, намояндагиҳои Вазорати умури хориҷии Эрон ва корпусҳои дипломатии сафоратхонаҳои муқими Теҳрон, донишҷӯён, ҳунармандон ва хабарнигоронва бо пахши суханони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи Рӯдакӣ  рунамоӣ шуд.

Китоби "Як байти парниён" 36 мақола аз муҳаққиқони барҷастаи тоҷик аз ҷумла, Устод Айнӣ, Раҳим Ҳошим, Шарифҷон Ҳусейнзода, Абдулғанӣ Мирзоев, Баҳром Сирус, Султон Воҳидов, Саъдоншо Имронов ва дигарон перомуни осори Одамуш-шуаро Абуабдуллоҳи Рудакиро дар бар мегирад, ки ин мақолаҳо барои аввалин бор бо хати форсӣ дар Эрон мунташир мешаванд.

"Як байти парниён" бо талоши Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси мизи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии ЭКО таҳия, тадвин ва баргардон шуда, онро хонуми Заҳро Аслонӣ вироиш намудааст. Китоб аз 534 сафҳа иборат буда, дорои шарҳи вожагон, манобеъ ва зиндагиномаи муаллифони мақолаҳост.

Дар маросими рунамоӣ аз китоби мазкур Ифтихор Ҳусейн Ориф - Раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО, Неъматулло Эмомзода, сафири фавқулодда ва комилҳуқуқи Тоҷикистон дар Теҳрон, доктор Ҳасани Ануша, тоҷикшинос ва сарпарасти Донишномаи адаби форсӣ, доктор Муҳаммадсарвари Мавлоӣ, устоди донишгоҳ ва Раиси собиқи Донишгоҳи Бомиён, доктор Тавфиқи Субҳонӣ, мавлонопажуҳ, хонум Заҳро Аслонӣ, адабиётшинос дар бораи ҷойгоҳи Рӯдакӣ ва аҳаммияти китоби "Як байти парниён" изҳори назар намуданд.