Пайкари Султони Ҳамад дар хонаи абадияш ором гирифт
Пайкари Султони Ҳамад, рӯзноманигор ва нависандаи саршиноси тоҷик дар қабристони Сариосиёи Душанбе ба хок супурда шуд.
Ба нақл аз хабаргузории Осиёи Марказӣ, Султони Ҳамад пас аз ҳашт моҳи таҳаммули бемории саратони меъда дар синни 68 солагӣ дори фониро видоъ гуфт ва дар қабристони Сариосиёи шаҳри Душанбе ором гирифт.
Вай, ки донишомӯхтаи риштаи забон ва адабиёти форсӣ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд, дар Кумитаи амнияти миллии даврони Шӯравӣ (КГБ) ва низ ҳайати назорат бар созишномаи оташбас миёни давлати Тоҷикистон ва нерӯҳои мухолифон дар солҳои 1996 то 2000 узвият дошт ва ҳамчунин сухангӯи Комиссияи оштии миллӣ, сардабири ҳафтаномаи "Наҷот" ва масъули сомонаи мустақили "Рӯзгор" буд.
Соли 2002 як силсила очеркҳояш таҳти унвони «Аз Ардашер то шери Панҷшер» дар шакли китоб аз сӯи нашриёти «Ирфон» ба табъ расид.Соли 2005 китоби дигараш бо номи «Аҳмад Зоҳир- султони қалбҳо» дар нашриёти «Деваштич» аз чоп баромад.
Султони Ҳамад аз рӯзноманигорони фаъоли тоҷикистонӣ буд, ки борҳо бо радиои тоҷикии Садои Хуросон ба унвони коршиноси масоили сиёсӣ мусоҳиба кардааст.