Июн 08, 2019 09:48 Asia/Dushanbe
  • Содироти 11 миллион киловват соати барқи Тоҷикистон дар шабона рӯз

Тоҷикистон таи ҳар шабона рӯз 11 миллион киловват соат барқ ба хориҷ содир мекунад.

 Ба нақл аз сойти Авесто,ин мизон барқ аз Тоҷикистон ба Узбакистон, Афғонистон ва Қирғизистон содир мешавад.

Гуфта мешавад Тоҷикистон таи ҳар шабона рӯз ба Узбакистон 6 миллион ва 500 ҳазор киловват соат, ба Афғонистон 4 миллиону 200 ҳазор киловват соат ва ба Қирғизистон 200 ҳазор киловват соат барқ содир мекунад.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон таи як шабона рӯз 52 миллион киловват соат барқ тавлид мешавад,ки 41 миллион киловват соати он дар дохили ин кишвар масраф мешавад.

Аз сӯи дигар ширкати давлатии Барқи Тоҷик эълом кардааст дар соли ҷорӣ ба Узбакистон ва Афғонистон содироти барқ ро афзоиш хоҳад дод.

Бар ин асос барои ҳар як аз ин ду кишвари ҳамсоя содироти 1 миллиард ва 600 миллион киловват соат барқ дар соли ҷорӣ барномарезӣ шудааст.

Мақомоти ин ширкат мегуян,ки  таи чор моҳи имсол ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи 15 миллион ва 200 ҳазор доллар барқ содир кардаанд,ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш 2 ва се даҳуми дар сад бештар аст.

Тоҷикистон дар фаслҳои баҳор ва тобистон метавонад содироти барқ ба кишварҳои ҳамсоя ро афзоиш диҳад,ки ба далели боло омадани оби рӯдхонаҳо заминаи тавлиди барқ бештар фароҳам мешавад аммо дар фасли сармо бо коҳиши оби рӯдхонаҳо ва аз кор афтодани турбинаҳои нерӯгоҳҳои барқӣ обии Тоҷикистон дар дохили ин кишвар камбуди барқ ва тақсимабандии он оғоз мешавад.