Июн 09, 2019 09:24 Asia/Dushanbe
  • Озодии шаҳрвандони тоҷик аз зиндони Толибон дар вилояти Форёб

Мақомоти амниятии Афғонистон мегуянд таи амалиёте аз зиндони гуруҳи Толибон дар вилояти Форёб дар шимоли ин кишвар 8 шаҳрванди хориҷӣ аз ҷумла 3 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки узви гуруҳи ДИИШ буданд озод кардаанд.

Ба нақл аз сайти Топ ТҶ, ба иддаои ин мақомот чаҳор узбак, се тоҷик ва як қирғиз шомили ин гуруҳ мешаванд.

Мақомоти Афғонистон аз озодии 83 нафар аз зиндони гуруҳи Толибон дар вилояти Форёб хабар додаанд, ки 8 нафар аз ин ашхос шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд.

Аммо манобеи Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон гуфтаанд феълан дар ин маврд иттилое надоранд ва дар сурати дарёфти хабари расмӣ аз мақомоти давлати Афғонистон барои бозгардондани шаҳрвандони тоҷик ба кишварашон талош хоҳанд кард.

Ҳарчанд, ки ин ашхос метавонанд шаҳрвандони Тоҷикистон бошанд, аммо қаблан борҳо мушоҳида шудааст, ки ашхоси зиёде иддаои шаҳрвандии Тоҷикистонро мекарданд, ки баъдан маълум шуд ҳамагӣ афғонистонӣ будаанд.

Маҳмуд Яъқуб Дарвозӣ намояндаи неруҳои амниятии Афғонистон гуфтааст ин зиндони гуруҳи Толибон дар рустои Шоҳӣ аз тавобеи фармондории Қайсари вилояти Форёб воқеъ шуда буд.

Дар бораи теъдоди дақиқи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аъзои гуруҳҳои Толибон ва ДИИШ дар қаламрави Афғонистон мебошанд иттилои расмие вуҷуд надорад.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон, Афғонистон ва Русия ҳамвора аз интиқоли аъзои гуруҳи террористии ДИИШ аз Сурия ва Ироқ ба шимоли Афғонистон ибрози нигаронӣ мекунанд, ки метавонад амнияти кишварҳои Осиёи Марказиро мавриди таҳдид қарор диҳад. Аммо то ба ҳол ин гуруҳ аз шимоли Афғонистон ҳеҷ амалиёти низомӣ алайҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ анҷом надодааст.