Июн 10, 2019 13:14 Asia/Dushanbe
  • Раҳмон пирӯзии раиси ҷумҳури мунтахаби Қазоқистон ро табрик гуфт

Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон таи тамоси телефонӣ бо Қосим Ҷумарат Такоев пирӯзии вай ро дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи якшанбе 9 июни соли ҷорӣ дар ин кишвар табрик гуфт.

Ба нақл аз Дафтари матбуъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон,дар ин тамоси телефонӣ,ки шаби гузашта анҷом шуд,Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамтои тоза интихоб шудаи Қазоқистонии хеш орзуи мувафақият кардааст.

Раҳмон ва Такоев дар ин гуфтугӯӣ телефонӣ бар зарурати густариши робитаҳои ҳамаҷониба миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон таъкид кардаанд.

Тарафайн бо ишора ба робитаҳои роҳбурдии ду кишвар тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ,иқтисодӣ ва тиҷорӣ,энержӣ, ҳамлу нақл ва илмӣ ва фарҳангӣ ро хостор шуданд.

Бар асоси гузориши авалияи камисуюни марказии интихоботи Қазоқистон, Қосим Ҷомарат Такоев раиси ҷумҳури мувақат ва номзади Ҳизби Ҳокими Нур Отон бо касби наздик ба 70 дар сади оро пирӯзи интихоботи рӯзи якшанбе 9 июни соли ҷории раёсати ҷумҳурии Қаззоқистон эълом шуд.

Наздиктарин рақиби вай Амирҷон  Касанов  номзади Ҷунбиши Мейҳанпарастон дар ин давр аз рақобатҳо 15 дар сади оро ро ба даст овард.

Интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурии Қазоқистон бо рақобати 7 номзад якшанбе 9 июн баргузор шуд.