Июн 11, 2019 11:02 Asia/Dushanbe
  • Садди неругоҳи барқ обии Норак дар ҳоли обгирӣ аст

Мақомоти Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон эълом кардаанд, бо афзоиши мизони вуруди об ба садди 300 метрии неругоҳи барқ обии Норак обгирӣ идома дорад ва ин сад ҳануз ҳам саррез нашудааст.

Ба нақл аз Авесто, ба гуфтаи ин мақомот ҳамакнун як ҳазор метри мукаъаб об дар ҳар сония вориди садди ин неругоҳ мешавад, ки то пур ва сарез шудани он ниёз ба замони бештаре аст. Аз ин мизон оби воридотӣ 600 метри мукаъаби об дар ҳар сония барои тавлиди барқ ва ҳаракати турбинҳо истифода ва бақия захира мешавад.

Неругоҳи барқ обии Норак бузургтарин неругоҳи Тоҷикистон ба ҳисоб меояд, ки аз зарфияти тавлиди 3 миллиард киловат соат барқ дар сол бархурдор аст, аммо ба далели лойрубӣ нашудани садди 300 метрии он акнун тавлиди барқ дар ин неругоҳ коҳиш ёфта ва ҳукумати Тоҷикистон бо кумаки молии ниҳодҳои байналмиллалӣ барномаи иваз кардани турбинҳои ин неругоҳро оғоз кардааст.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон таи ҳар шабона рӯз 11 миллион киловат соат барқ ба Узбакистон, Афғонистон ва Қирғизистон содир мешавад.

Ҳаҷми умумии тавлиди барқ дар Тоҷикистон таи як шабона рӯз 52 миллион киловат соат эълом гардидааст, ки 41 миллион киловат соати он дар дохили ин кишвар масраф мешавад.