Эрдуғон ба Тоҷикистон меравад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i44385-Эрдуғон_ба_Тоҷикистон_меравад
Раиси ҷумҳури Туркия ба манзури ширкат дар конфронси "Таомул ва эътимодсозӣ дар Осиё" ба Душанбе пойтахти Тоҷикистон сафар мекунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 11, 2019 09:36 Asia/Dushanbe
  • Эрдуғон ба Тоҷикистон меравад

Раиси ҷумҳури Туркия ба манзури ширкат дар конфронси "Таомул ва эътимодсозӣ дар Осиё" ба Душанбе пойтахти Тоҷикистон сафар мекунад.

Ба гузориши Форс, Раҷаб Таиб Эрдуғон раиси ҷумҳури Туркия дар поёни ҳафтаи равон бо ҳадафи ширкат дар панҷумин нишасти сарони кишварҳои узви конфронси "Таомул ва эътимодсозӣ дар Осиё " ба Душанбе пойтахти Тоҷикистон сафар мекунад.

Дафтари ҳамкориҳои байналмиллалии Туркия дар Тоҷикистон эълом кард сафари Эрдуғон ба Душанбе рӯзҳои 14-15 июн анҷом мешавад.

Панҷумин даври конфронси "Таомул ва эътимодсозӣ дар Осиё" имсол ба мизбонии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Интизор меравад дар ин конфронс мақомоти баландпояи 27 кишвари узв ширкат кунанд.

Дар конфронси "Таомул ва эътимодсозӣ дар Осиё" ба таври умда масоили амниятӣ дар ин минтақа баррасӣ мешавад.

Тирамоҳи соли гузашта раёсати конфронси мазкур аз Чин ба Тоҷикистон мунтақил шуд.