Июн 11, 2019 21:47 Asia/Dushanbe

Рӯзи панҷшанбе, 6 июн парвози Машҳад – Душанбе пас аз шаш моҳи вақфа аз сар гирифта шуд.

Ин парвоз дар натиҷаи талоши масъулони ду кишвар ва пайгирии мудовими радиои тоҷикии “Садои Хуросон” анҷом гирифт. Ширкати ҳавопаймоии эронии “Вориш” парвози Машҳад - Душанберо роҳандозӣ кардааст.

Бо пайгириҳои мудовими радиои тоҷикӣ ва гуфтугӯ бо масъулони зирабти ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон хати парвози Машҳад- Душанбе, ки ҳашт моҳ қабл мутаваққиф шуда буд, дубора роҳандозӣ шуд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон пас аз пайгирӣ аз мақомоти ду кишвар барои барқарории парвозҳои Эрон ва Тоҷикистон ва иҷро шудани он пас аз тамосҳои мақомоти ду кишвар, танҳо расонае буд, ки хабари азсаргирии парвозҳо дар масири ҳавоии Машҳад- Душанбе ва баръаксро дар таърихи 3 –юми хурдоди 1398 –и шамсӣ (баробар бо 24 –уми майи соли 2019), яъне ду ҳафта қабл аз анҷоми аввалин парвоз мунташир кард.

Пас аз он дигар хабаргузориҳо ва сайтҳои иттилоърасонӣ ин хабарро ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросон ва ё бидуни зикри манбаъ ва ё ин ки бо огоҳ ёфтан аз ин хабар ва пайгирии мустақилона дар сафаҳот интернетӣ ва фазои маҷозӣ ба иштирок гузоштанд.

Абдурризо Муҳаммадӣ, масъули намояндагии Сафорати Тоҷикистон дар Машҳад дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо радиои тоҷикии Садои Хуросон гуфт, парвози Машҳад - Душанбе бо ҳамкории ширкати ҳавопаймоии эронии “Вориш” аз 16 –уми хурдоди имсол, баробар бо шашуми июн барқарор шуд.

Роҳандозии парвоз боиси хушҳолии шаҳрванжони Эрон ва Тоҷикистон шуд ва мавриди истиқболи мардуми ду кишвар қарор гирифт. Амири Тиракор, соҳибкори эронӣ, ки се сол аст дар Тоҷикистон фаъолият мекунад, бо истиқбол аз роҳандозии парвози Машҳад - Душанбе, аз пайгирӣ ва пушиши расонаии хабарҳои марбут ба парвози радиёи Садои Хуросон ташаккур кард.

Ҳамчунин, Некруз Шарифӣ, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истиқбол аз роҳандозии парвози Машҳад - Душанбе гуфт, ки ин парвоз боис мешавад то дар хароҷоти роҳу ҳазинаи билет сарфаҷуӣ шавад ва ҳамзамон озобу машаққати роҳ кам гардад.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон аз замони қатъи парвозҳо миёни Эрон ва Тоҷикистон, ки охирин парвоз дар масири Машҳад – Душанбе ва баръакс дар таърихи 20-уми сентябри соли 2018 анҷом шуд, ҳамеша пайгари мавзӯи роҳандозии муҷаддади парвозҳо миёни ин ду кишвари дӯст ва бародар буд.

Аҳмад Муқим, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо истиқбол аз роҳандозии парвоз, аз пайгирии расонаии радиёи Садои Хуросон ташаккур кард.

Пеш аз ин ширкати “Осмон Эйр” дар масири Машҳад - Душанбе ва баръакс ҳафтае як бор ва рӯзҳои панҷшанбе ва ширкати "Тоҷик Эйр” низ дар масири Душанбе - Теҳрон ва баръакс ҳафтае як бор ва рӯзҳои якшанбе парвоз анҷом медоданд.

Пас аз қатъи парвози Машҳад - Душанбе ва Теҳрон – Душанбе, мусофирон аз роҳҳои дигар ва бо парвозҳои ғайримустақими соири кишварҳои наздик худро ба мақсад мерасонданд ва дар натиҷа ҳам сафар тӯлонӣ ва мушкилот зиёд мешуд ва ҳам ҳазинаи сафар ба маротиб афзоиш меёфт.

Бархе аз расонаҳо далели қатъи парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Эронро сиёсӣ дониста буданд. Аммо масъулони ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон ва Эрон сиёсӣ будани қатъи парвозҳоро ба таври қатъӣ рад мекарданд.  

 Масъулони ширкати “Осмон Эйр” иллати қатъи парвозҳоро мавзӯи иқтисодӣ номиданд ва ширкати “Тоҷик Эйр” низ далели қатъи парвозҳои худро буҳрони мудириятӣ ва мушкилоти молӣ унвон карданд.

Ҳамчунин Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири собиқи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ин иттиҳомотро ба таври ошкор рад ва аз даст доштани тарафи севум дар эҷоди ихтилоф миёни кишварҳои дӯст ва бародари Эрон ва Тоҷикистон хабар дода буд. Баъдан бо интисоби ҳамзамони сафирони ҷадиди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон ва сафарҳои расмии мақомоти олирутбаи тарафайн ба кишварҳо, равобити дуҷонибаро беҳбуд бахшид ва беш аз пеш амиқтар кард.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон ҳамзамон бо парвози ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” аз Машҳад ба Душанбе, дар рӯзи панҷшанбеи 6 –уми июни соли ҷорӣ (16 уми хурдод) ин рухдодро пӯшиши хабарӣ дод ва эълом кард, парвозҳо миёни ин ду кишвар, ки ҳашт моҳ қабл мутаваффқ шуда буд, азсар гирифта шуд.

Ин ҳавопаймо бо 90 мусофир аз шаҳри Машҳад ба мақсади пойтахти Тоҷикистон ба парвоз даромад ва дар фардудгоҳи Душанбе мавриди истиқболи мақомоти Вазорати ҳамлу нақли ин кишвар ва расонаҳо қарор гирифт.

Мусофироне, ки бо ҳавопаймои ширкати “Вориш” аз Машҳад ба Душанбе расиданд, аз барқарории парвозҳои мустақим миёни ду кишвар ибрози хушҳолӣ карданд.

Мусофирони нахустин парвози мустақим соҳибкорон, намояндаҳои дипломатӣ ва онҳое буданд, ки барои дармон ва аёдати наздикони худ ба Эрон рафта буданд.

Шокир Сайфиддинов, ки ҳамроҳи ҳамсараш барои дармон ҳудуди як моҳ қабл аз тариқи Истамбул ба Машҳад омада буд, аз барқарории парвозҳои мустақим миёни Машҳад ва Душанбе хеле хушҳол шудааст. Зеро бозгашт ба ватан аз масире, ки омада буд, барои маризаш хатари ҷиддӣ дошт ва маҷбур буд ҳудуди 36 соат дар роҳ бошад. Дар сурате, ки бо ин парвоз баъд аз якуним соат аз Машҳад парвоз ва дар Душанбе қарор доштанд.

Фарҳоди Иброҳимпур, шаҳрванди Эрон, аз мусофирони ин парвоз мигуяд, бо вуҷуд ин, ки ҳаво абрӣ буд, парвоз хеле хуб анҷом шуд. Дар соати таъйиншуда ба мақсад расидем. Умедворем робитаҳо ҳар рӯз бештар ва беҳтар шаванд. Мардуми мо бисёр мехоҳанд биёянд аз кишвари Тоҷикистон дидан кунанд. Мо дӯсту бародари тоҷикон ҳастем.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон, ки мисли ҳамеша рисолати хешро ҳамчун расонаи пайвандгари ду миллати ҳамзабону ҳамфарҳанг ба наҳви аҳсан анҷом дода ва медиҳад, роҳандозии парвози муҷадад миёни Эрон ва Тоҷикистонро низ муҷидона пайгирӣ кард, то замоне ки ин парвоз дубора роҳандозӣ шуд. Ин расона бо пӯшиши хабарии фарогир, ҳам аз тариқи барномаҳои радиёӣ ва ҳам дар сайти интернетии худ ва ҳам дар фазои маҷозӣ, дар азсаргирии парвозҳо дар масири ҳавоии Машҳад- Душанбе ва баръакс саҳми босазое дошт.

 

 

Барчасп