Июн 13, 2019 17:12 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди намояндагони парлумони Тоҷикистон аз ширкати роҳдории масири Душанбе - Хуҷанд

Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон, ширкати роҳдории мавсум ба IRS (Innovative Road Solutions)-ро аз пардохти аворизи гумрукӣ ва молиёт барои ворид кардани таҷҳизоти мавриди ниёзи сохти се долони зидди тарма дар масири Душанбе – Хуҷанд муоф кард, ки ин мавзӯъ бо интиқод тунд бархе аз намояндагон рӯ ба рӯ шуд.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва вакили парлумони Тоҷикистон ҳангоми баррасии ин тарҳ гуфт, чаро ин ширкат, ки аз тамоми худравҳо дар ин масир пул мегирад ва молиёт ҳам пардохт намекунад, бояд аз ин имтиёз бархурдор шавад.

Бар асоси ин тарҳ, ширкати роҳдории IRS бояд бо истифода аз маблағи 5 миллион доллар кумаки билоивази давлати Покистон дар манотиқи пурхатари масири Душанбе – Хуҷанд барои сохти долонҳои зидди тарма, 3 долон бисозад. Аммо Саидфаъфар Усмонзода бо интиқод аз ин иқдом таъкид кардааст, тайи солҳои ахир ба дархости ҳукумати Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони ин кишвар ба теъдоде аз ширкатҳо муофияти эъто мекунад, ки амалан ҳеҷ суде барои буҷа надорад.

Акнун ширкати чинии мавсум ба “China Road” бо истифода аз кумаки билоивази давлати Покистон дар 3 минтақаи пурхатари роҳи Душанбе – Хуҷанд долонҳои зидди тарма хоҳад сохт, ки тӯли он 374 метр мебошад.

Ба гуфтаи Суҳроб Мирзозода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон бояд, дар ин масир 55 долони зидди тарма ба тӯл 5 ҳазору 665 метр сохта шавад. То кунун дар ин роҳ 24 долони зидди тарма сахта шудааст.

Дар ҳоли ҳозир ширкати роҳдории IRS дар тӯли роҳи 410 километрии Душанбе – Хуҷанд то марзи Узбакистон аз ҳар мошиниборбар 690 сомонӣ ва худравҳои мусофиркаш 58 сомонӣ дарёфт мекунад ва ба давлат молиёт намедиҳад ва инак Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон тарҳеро тасвиб кард, ки бар асоси он сохти долонҳо дар ин масир низ бояд аз ҳисоби кумаки билоивази ҳукумати Покистон анҷом шавад.