Июн 13, 2019 19:10 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури 650 хабарнигор барои пӯшиши нишасти СИКО дар Тоҷикистон

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кард, 650 хабарнигори маҳаллӣ ва хориҷӣ конфронси "Таомул ва эътимодсозии Осиё" дар Душанберо пӯшиш медиҳанд.

Ба гузориши Азия Плюс, вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе дар баёнияе эълом кард, токунун 11 кишвар дар сатҳи раисиҷумҳур ҳузури худ дар иҷлоси "Таомул ва эътимодсозии Осиё", ки 14 ва 15 июн дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, эълом кардаанд.

Дар баёнияи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон омадааст, мавзӯи аслии панҷумин нишасти СИКО «дидгоҳи муштарак ба минтақаи амн ва мураффаҳтари СИКО» аст ва дар поёни ин нишаст, баёнияе низ содир хоҳад шуд.

Конфронси "Таомул ва эътимодсозии Осиё" (СИКО) як анҷумани чандҷониба барои густариши ҳамкорӣ дар замина сулҳ, амният ва субот дар Осиё аст.

Кишварҳое ҳамчун Афғонистон, Арманистон, ҷумҳури Озарбойҷон, Чин, Эрон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Бангладеш, Туркия Чин, Ҳинд, Туркия, Иморот ва Ветнам узви СИКА ҳастанд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз фардо (ҷумъа) сафари худро ба Осиёи Марказӣ барои ширкат дар панҷумин нишасти СИКА дар Тоҷикистон ва нуздаҳумин нишасти Созмони ҳамкории Шанхай дар Қирғизистон оғоз мекунад.

 

Барчасп