Баргузории иҷлоси СИКА дар Тоҷикистон
Панҷумин Канфронси Таъомул ва иқдомоти эътимодсозии Осиё СИКА ба мизбонии Тоҷикистон оғоз ба кор кард.
Ҳасани Рӯҳонӣ раиси ҷумҳурии Эрон барои ширкат дар ин Иҷлос шаби гузашта дар раъси ҳайати сиёсӣ ва дипламатӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шуд.
650 хабрнигор ин Иҷлоси муҳими байналмилаллиро пушиши хабарӣ медиҳанд ва сарони 12 кишвар ва намояндагони олирутбаи 15 кишвари узв дар ин Иҷлос ҳузур доранд. Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати баргузории ин Канфронс имруз таътил аст ва садҳо нерӯи амниятӣ мусулияти амнияти баргузории ин Иҷлос ро бар уҳда доранд.
Тарҳи аввалияи эҷоди Иҷлоси СИКА ба 21 соли пеш бармегардад,ки Нурсултон Назарбоев раиси ҷумҳурии Қазоқистон дар чилуҳафтумин Иҷлоси маҷмаъи умумии Созмони Милаллӣ Муттаҳид дар октиябри 1992 тарҳи эҷоди Созмони муташакил аз кишварҳои осиёӣ ро барои иртиқои иртиботҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ миёни кишварҳои Осиёӣ бо ҳадафи эҷоди субот ва барқарории амният дар минтақа матраҳ кард ва ин Созмон дар соли 1996 ба таври расмӣ ташкил шуд.
Нишасти таъомул ва иқдомоти эътимодсозӣ дар Осиё мавсум ба СИКА дар асл иҷлосе аст,ки ҳифзи сулҳ ва амният дар Осиё, муҳимтарин ҳадафи вуҷуди онро ташкил медиҳад. Ҷумҳурии исломии Эрон, Қазоқисто, Афғонистон, Тоҷикистон, Кареяи ҷанубӣ, Чин,Русия, Ҳинд, Фаластин, Муғулистон, Қирғизистон,Узбакистон,Покистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, ва Тойланд аъзои аслии Созмони СИКАро ташкил медиҳанд ва кишварҳои Австралия,Ветнам, Эндонезия, Кареяи ҷанубӣ,Лубнон, Малайзия, Амрико, Украина, Ҷопон, Сингапур,Арабистон, ва Шри Ланка низ ба унвони аъзои нозир дар СИКА маҳсуб мешаванд.
Ҳамчунин Созмони Милаллӣ Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Иттиҳодияи Араб ва Ҷомеъаи иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам дар СИКА ҳузур доранд.
СИКА бо 38 миллион ва 800 ҳазор метри мурабаъ вусъати 89 дарсадии Осиё, ҳудуди 72 дар сади минтақаи Авру Осиё, наздик ба 67 дар сад аз ҷамъияти ҷаҳон ва як севвуми иқтисоди ҷаҳонро дар ихтиёр дорад. Нишасти сарони СИКА ҳар 4 сол як бор ва Иҷлоси Вазирони хориҷа ҳар 2 сол як бор баргузор мешавад. Нахустин ва дуввумин иҷлоси сарони СИКА дар соли 2002 ва 2006 дар шаҳри Алмаато пойтахти Қазоқистон ва Иҷлоси севвум дар Истамбули Туркия баргузор шуд.
Ниҳодҳои байналмиллалии ҳамчун Созмони Милаллӣ Муттаҳид, Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо, Иттиҳодияи Араб ва ҷомиъаи иқтисодии кишварҳои Осиё аз ҷумла Ниҳодҳои байналмилалие ҳастанд,ки намояндагони онон дар ин Канфронс ҳузур доранд. Мавзуъи аслии ин давр аз Иҷлоси СИКА Дидгоҳи муштараки минтақаи амн ва мурафаҳтари СИКА таъйин шудааст. Мубориза бо терроризм, қочоқи инсон, ва маводи мухадир, ҷароим ва ҳамлаи сойбирӣ муҳимтарин дастури кори ин Иҷлос аст. Ҳадаф аз баргузории панҷумин давраи Иҷлоси таъомул ва иқдомоти эътимодсози Осиё таҳкими ҳамкорӣ барои сулҳ ва амният дар Осиё унвон шудааст. Ин Канфронс бо судури санади ниҳоӣ бо беш аз 60 банд ба кори худ поён хоҳад дод. Рӯҳонӣ раиси ҷумҳурии исломии Эрон аз суханронони вижаи ин канфронс хоҳад буд. Раиси ҷумҳурии Эрон имрӯз илова бар ҳузур дар канфронси таъомул ва иқдомоти эътимодсозӣ Осиё бо бархе сарони ширкаткунанда дар ин Иҷлос дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард,ки аз ҷумлаи он метавон ба дидор бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳамтои вай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси Иҷроии давлати Афғонистон ишора кард.