Ироқчӣ: Эрони баъди ҷанг, мутафовит аз Эрони қабли ҷанг аст
-
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон
Порс Тудей — Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: «Дӯстони чинии мо эътиқод доранд Эрон баъд аз ҷанг, тавонмандиҳо ва иқтидори худро ба исбот расонда ва Эрон мутафовит аз қабл аз ҷанг аст».
Ба гузориши Порс Тудей, Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон, ки барои дидор бо ҳамтои чинияш ба Пекин сафар карда, пас аз ин дидор бо баёни ин ки давраи ҷадиде аз ҳамкориҳои Эрон бо кишварҳои дигар дар пеш аст, тасреҳ кард: «Ин ҳамкориҳо бо кишварҳои дӯсти мо ва кишварҳое мисли Чин, ки шарики стратегии мо ҳастанд, шакли ҷадиди иртиқоёфтае ба худ хоҳад гирифт».
Вазири умури хориҷаи Эрон, сафар ба Чинро дар идомаи сафари худ ба Русия унвон кард ва гуфт: «Дар ин сафар дар бораи ҳамаи масоили марбут ба ҷанг, навҳаи хотимаи он, баҳси музокироте, ки дар ҷараён аст ва фаъолиятҳои сулҳомези ҳастаии Эрон, баҳсҳои марбут ба таҳримҳо ва дар бораи ҳамаи масоили дуҷониба ройзанӣ кардем».
Ироқчӣ баҳси Тангаи Ҳурмуз ва масоили марбут ба он, аз ҷумла лузуми риояи ҳуқуқи Ҷумҳурии Исломии Эронро яке аз баҳсҳои ҷиддӣ бо ҳамтои чинии худ унвон кард.
Вазири умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар ин ки дар бисёре аз масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ байни Эрон ва Чин нигоҳи муштарак ва машваратҳои наздике вуҷуд дорад, гуфт: «Дар ин дидор тавофуқ кардем натанҳо ин машваратҳоро идома диҳем, балки ба сатҳи ҷадиде аз ҳамкорӣ бирасем».