Шабакаи Алмаёддини Лубнон Тоҷикистон ро ба кишварҳои арабӣ муарифӣ мекунад
Корманди шабакаи телевезиёнии Алмаёддини Лубнон гуфт; Тоҷикистон ро ба кишварҳои арабӣ муарифӣ хоҳад кард.
Ба нақл аз хабаргузории давлатии Ховар, Абдулмуъмин Алубайдӣ дар ҳошияи панҷумин нишасти сарони Канфронси таъомул ва иқдомоти эътимодсозии Осиё дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон таъкид кардааст,ки ин нишаст барои тақвияти амният ва эътимод дар қораи Осиё ва ба вижа барои Лубнон аз аҳамияти зиёде бархурдор аст.
Алубайдӣ муътақид аст,ки дини ислом омили муҳими пайванди Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ аст ва бояд дастовардҳои ин кишвар ва ҷозибаҳои гардишгариаш ба кишварҳои арабӣ муарифӣ шавад. Ба гуфтаи вай, шабакаи телевезиёнии Алмаёдини Лубнон дар ин маврид барнома дорад.
Абдулмуъмин Алубайдӣ эътиқод дорад Тоҷикистон ба унвони як кишвари кӯҳистонӣ ва дорои захираҳои оби фаровон ва манзараҳои нотакрор ба муарифӣ дар кишварҳои арабӣ ниёз дорад. Ҳамчунин муҳим аст,ки Тоҷикистон тавонист панҷумин нишасти сарони кишварҳои узви Канфронси таъомул ва эътимодсозии Осиёр ро дар сатҳи матлуб баргузор кунад.
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кард,650 хабарнигори маҳаллӣ ва хориҷӣ Канфронси таъомул ва иқдомоти эътимодсозӣ дар Осиё ( СИКА ) дар Душанбе ро пӯшиш доданд.