Таъкид бар омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз синфи як дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 20 Jun 2019 04:39:32 GMT )
Июн 20, 2019 09:39 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз синфи як дар Тоҷикистон

Вазири маорифи Тоҷикистон бар зарурати омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ аз синфи як дар мактабҳои ин кишвар таъкид кард.

Ба нақл аз хабаргузории Тоҷ-Вик,  Нуруддин Саид ин матлабро дар ҷараёни баррасии барномаи роҳбурдии рушди омӯзишу парвариши Тоҷикистон барои солҳои 2021 то 2030 иброз кардааст.

Дар ҳоли ҳозир дар мактабҳои давлатии Тоҷикистон омӯзиши забони русӣ аз синфи ду ва англисӣ аз синфи се оғоз мешавад.

Дар барномаи рушди омӯзишу парвариши Тоҷикистон барои солҳои 2021 то 2030  бар зарурати истихдоми муаллимони равоншиносӣ, варзишу улуми низомӣ дар мактабҳои Тоҷикистон таъкид шудааст.

Дар ин чорчуб идораи маорифи шаҳри Душанбе эълом кардааст барои фаолият дар мактабҳои давлатии пойтахти Тоҷикистон ба истихдоми муаллимони ҳирфаӣ дар риштаи равоншиносӣ иқдом хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ки барои ин ашхос ҳуқуқи моҳиёнаи 800 то 900 сомонӣ (муодили 80 то 90 доллар) пардохт хоҳад шуд.

Аз сӯи дигар дар барномаи роҳбурдии рушди омӯзишу парвариши Тоҷикистон барои солҳои 2021 то 2030  таъкид шудааст, ки то 10 соли дигар дар қаламрави ин кишвар дигар ҳеҷ мактабе қадимӣ бо шароити номатлуби омӯзишӣ нахоҳад монд.