Душанбе мизбони сарони Шанхай дар соли 2021
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i44565-Душанбе_мизбони_сарони_Шанхай_дар_соли_2021
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз мизбонии бисту якумин нишасти сарони Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2021 дар шаҳри Душанбе пойтахти ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 20, 2019 06:50 Asia/Dushanbe
  • Душанбе мизбони сарони Шанхай дар соли 2021

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз мизбонии бисту якумин нишасти сарони Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2021 дар шаҳри Душанбе пойтахти ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар поёни нишасти Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар таърихи 13-14 июн дар Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд раёсати давраии ин созмон ба Русия мунтақил шуд. Ба ин тартиб нишасти баъдӣ яъне бистумин нишасти сарони кишварҳои ин созмон соли 2020 ба мизбонии Русия баргузор ва дар ҷараёни он раёсати Шанхай ба Тоҷикистон вогузор хоҳад шуд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин мавзӯъ бисту якумин нишасти Созмони ҳамкории Шанхай ба мизбонии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Дар поёни дувоздаҳумин нишасти раисони додгоҳҳои олии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баёнияи муштарак дар мавриди чашмандози ҳамкориҳои мутақобили додгоҳҳои олии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай содир шуд.

Созмони ҳамкории Шанхай як созмони байналмиллалии байни давлатӣ аст, ки дар таърихи 15 июни соли 2001 дар Шанхайи Чин аз сӯи Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон таъсис шудааст.

Акнун Эрон, Афғонистон, Муғулистон ва Беларус оъзои нозири ин созмон ҳастанд.