Ифшои нақши аъзои ДИИШ ва Ансоруллоҳ дар ошӯби зиндони Ваҳдат
Бар пояи натиҷаҳои нахустин таҳқиқоти мустақили расонаӣ дар мавриди ошӯби зиндони Ваҳдати Тоҷикистон, тарроҳони ин моҷарои хунин аз аъзои ду созмони ифротии ДИИШ ва Ансоруллоҳ будаанд.
Ба гузориши сомонаи Фарғона, таҳқиқоти ёдшударо радиои “Озодӣ” анҷом додааст, ки муддаӣ аст, бар хилофи изҳороти мақомоти давлатӣ, тарроҳи аслии ошӯб Зариф Зарифов будааст, ки ба иттиҳоми узвият дар созмони ифротии Ансоруллоҳ дар зиндони Ваҳдат қарор доштааст.
Ин иддао дар ҳоле матраҳ шудааст, ки пештар манобет давлатит Тоҷикистон аз Беҳрӯз Гулмуродзода, фарзанди сарҳанги ба ДИИШ пайвастаи Гулмурод Ҳалимов ба унвони тарроҳи аслии ин ҳодиса ном бурда буданд.
Ошӯб дар зиндони ноҳияи Ваҳдат шаби 19 –уми май рух дод, ки ба гуфтаи мақомоти ҳукуматӣ 32 кушта ба шумули 3 зиндонбон ба ҳамроҳ дошт.
Зимнан таҳқиқоти мустақили расонаӣ натавонистааст исбот кунад, ки ин ошӯб аз қабл ва хориҷ аз зиндон тарроҳӣ шудааст ва ё ин ки ба сурати худҷӯш рух додааст.