Июн 29, 2019 17:50 Asia/Dushanbe
  • Русия нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро тақвият мекунад

Дабири Шӯрои амнияти Русия гуфт, Маскав бо таваҷҷуҳ ба таҳдидоти мавҷуд аз сӯйи гуруҳҳои террористии мустақар дар Афғонистон, қасд дорад артиш ва хадамоти вижаи Тоҷикистонро тақвият кунад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Николай Петрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия дар иҷлоси Кумитаи иҷроии Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар шаҳри Бишкек афзуд, Русия омода аст барномаи тақвияти нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро оғоз ва таҷҳизоти вазорати дифоъ ва хадамоти вижаи ин кишварро навсозӣ кунад.

Ба гуфтаи бархе коршиносон, шароит дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон рӯ ба ноамнӣ аст.

Кишварҳои Арманистон, Беларус, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ҳастанд.

 

 

Барчасп