Истирдоди 133 узви ДИИШ ба Тоҷикистон
(last modified 2016-09-21T04:50:35+00:00 )
Сентябр 21, 2016 09:50 Asia/Dushanbe
  • Истирдоди 133 узви ДИИШ ба Тоҷикистон

Вазири кишвари Тоҷикистон аз истирдоди 133 узви гурӯҳи террористии ДИИШ аз кишварҳои хориҷӣ ба дархости мақомоти қазоии ин ҷумҳурӣ хабар дод.

Ба иттилои сайти Вазорати кишвари Тоҷикистон, генерал Рамазон Раҳимзода ин матлабро дар Ҳамоиши ду рӯзаи "Ҷангҷуёни террористи хориҷӣ: Таҳдидҳо ва масъулиятҳо" дар шаҳри Душанбе унвон кард.

Вай таъкид кард, бо мусоидати Полиси байналмилал ва ҳамкории теъдоде аз кишварҳои хориҷӣ ба дархости мақомоти қазоии Тоҷикистон, дар маҷмуъ 151 шаҳрванди ин ҷумҳурӣ аз ҷумла 133 узви гурӯҳи террористии ДИИШ ва бақия аз аъзои соири созмонҳои ифротӣ ба кишварашон истирдод шудаанд.

Вазири кишвари Тоҷикистон аз мақомоти амниятии кишварҳои ҷумҳурии Озарбойҷон, Афғонистон, Русия, Туркия, Қазоқистон ва Қирғизистон ба хотири мусоидат дар боздошт ва истирдоди аъзои гурӯҳҳои террористӣ ва ифротии тоҷик ба ин ҷумҳурӣ тақдир ва ташаккур кард .

Вай аз мақомоти кишварҳои ширкаткунанда дар ин ҳамоиш дархост кард, барои муборизаи муштарак бо таҳдидоти гурӯҳҳои террористӣ азми худро ҷазм кунанд.

Дар ин нишаст намояндагони 13 кишвар ва созмонҳои байналмилаливу минтақаӣ ва Полиси байналмилал ширкат ва дар бораи роҳҳои ҷилавгирӣ аз нуфузи андешаи гурӯҳи террористии ДИИШ ва соири созмонҳои ифротӣ баҳсу табодули назар карданд.

Бар асоси гузориши мақомоти амниятии Тоҷикистон 1000 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ ҳузур доранд, ки беш аз 200 нафари онон дар ин даргириҳо кушта шудаанд.