Июл 03, 2019 16:21 Asia/Dushanbe
  • Ризояти бонуи тозамусалмони тоҷикистонӣ аз пӯшидани ҳиҷоб

Бонуи тозамусалмони тоҷикистонӣ мегӯяд: “Ҳиҷоб ба ман ҳисси дилчасби оромиш ва амният медиҳад”.

Озода, духтари ҷавони тозамусалмони тоҷикистонӣ, ки пеш аз ин аз пайравони дини Масеҳ ва мазҳаби ортодокс будааст, муътақид аст, ҳиҷоб ҳисси оромишу амният ва воло буданро ба як зан медиҳад, ки ҳисси дилчасбе аст. Як зан бо пӯшиши худаш собит мекунад, ки арзишаш волост ва маъмулан ҳамаи чизҳои боарзиш дар пӯшиш ҳастанд.

Ин бонуи тозамусалмон дар бораи ҳиҷоби худаш афзуд: “Аз он ҷое, ки дар байни мусалмонон зиндагӣ мекунам, касе наметавонад бо ҳиҷоби ман мухолифат кунад, аммо аз ин ки нисбат ба гузашта ҳиҷобам беҳтар ва комилтар шудааст, атрофиёнам тааҷҷуб мекунанд, аммо то кунун дар ин замина мушкиле надоштаам”.

Озода дар бораи робитаи қалбии худаш бо авлиёи илоҳӣ гуфт: “Ман бо ҳазрати Фотима (с) бештар унс ва иртибот мегирам. Вақте аз фидокориҳо ва мазлумияти эшон мехонам, ки чӣ тавр аз ҳамсарашон дифоъ ва худашонро вақфу фидои мавлояшон карданд ва ин фидокориро ба фарзандонашон ҳам омӯхтанд, таҳти таъсир қарор мегирам”.

Вай ҳазрати Фотима (с)-ро намунаи комили ҳаё, иффат ва сармашқи занон тавсиф кард ва афзуд: “Ҳамеша достон‎ҳое аз ҳамсардорӣ ва хонадории ҳазрати Фотима (с) мехонам, ки на танҳо барои мусалмонон, балки барои ғайримусалмонон ҳам метавонад улгу бошад, аммо фазилатҳои эшон фақат ин нест ва забони ман қосир аз васфи фазоил ва шахсияти волои ҳазрати Фотима (с) аст”.

Озода илҳомбахштарин шахсиятро дар мусалмон шудан худи ҳазрати Муҳаммад (с) ва ҳазрати Алӣ (а) донист ва гуфт, шуҷоат, андешаҳо ва суханони ин бузургон ба тамоми ниёзҳои мо посух медиҳад.

Вай бо ишора ба раванди гароиши худ ба Ислом афзуд: “Пас аз мутолеоти густурда чизе, ки таваҷҷуҳамро бештар ҷалб кард, баҳси ихтиёри пазириши ақида дар Ислом буд ва ҳамин заминаи гароишам ба Исломро эҷод кард”.