Ҳалимов бидуни кумаки хориҷӣ наметавонад ба Тоҷикистон ҳамла кунад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i4489-Ҳалимов_бидуни_кумаки_хориҷӣ_наметавонад_ба_Тоҷикистон_ҳамла_кунад
Коршиноси тоҷик муътақид аст, ки Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории Вазорати кишвари Тоҷикистон ва вазири ҷанги гурӯҳи террористии ДИИШ бидуни ҳимояти хориҷӣ наметавонад ба Тоҷикистон ҳамла кунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 21, 2016 07:14 Asia/Dushanbe
  • Ҳалимов бидуни кумаки хориҷӣ наметавонад ба Тоҷикистон ҳамла кунад

Коршиноси тоҷик муътақид аст, ки Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории Вазорати кишвари Тоҷикистон ва вазири ҷанги гурӯҳи террористии ДИИШ бидуни ҳимояти хориҷӣ наметавонад ба Тоҷикистон ҳамла кунад.

Ба иттилои сайти Tojinfo, Парвиз Расулов бо ишора ба ахбори мунташиршуда дар бораи интисоби Гулмурод Ҳалимов ба симмати вазири ҷанги гурӯҳи террористии ДИИШ гуфтааст, ки вай бадалели навъи омӯзишҳои вижае, ки дидааст, эҳтимолан аз уҳдаи чунин коре бар нахоҳад омад.  

Расулов афзуд: Полковник Гулмурод Ҳалимов дар пойгоҳи омӯзишии Амрико снайпериро омӯзиш дида ва аз байн бурдани фармондеҳон ва ё гурӯҳҳои кӯчаки ду-се нафариро тамрин кардааст ва тарроҳии амалиёти мухталиф бо мушорикати ягонҳои бузурги низомӣ дар тавону тахассуси ӯ нест .

Ин коршиноси тоҷик гуфт: Аз сӯи дигар бузургнамоии хатари интисоби Гулмурод Ҳалимов ба симмати вазири ҷанги гурӯҳи террористии ДИИШ барои Тоҷикистон чандон саҳеҳ нест ва дар шароити изтирорӣ нерӯҳои Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ва пойгоҳи 201-и артиши Русия ба кумаки Тоҷикистон хоҳанд омад.  

Чанде пеш Курт Райс, муовини амниятии вазири умури хориҷаи Амрико эълом карда буд, ки Ҳалимов давраҳои донишафзоиро дар яке аз пойгоҳҳои низомии Амрико фаро гирифта ва акнун ба муҳрае муҳим дар миёни фармондеҳони гурӯҳи террористии ДИИШ табдил шудааст.  

Полковник Гулмурод Ҳалимови 40 сола фармондеҳи пешини нерӯи вижаи Вазорати кишвари Тоҷикистон авохири апрели соли 2015 нопадид шуд ва чанде баъд бо интишори як пайёми видеоӣ дар шабакаи иҷтимоии Ютуб, аз пайвастани худ ба гурӯҳи террористии ДИИШ хабар дод.

Вай ба тозагӣ ба симмати вазири ҷанги ин гурӯҳи террористӣ мансуб шудааст .