Июл 05, 2019 18:54 Asia/Dushanbe
  • Дастовардҳои Тоҷикистон баъд аз пайвастан ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ

Муовини аввали Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон тавсеаи саҳми содирот дар тиҷорати хориҷӣ ва афзоиши теъдоди шарикони тиҷории ин кишварро аз дастовардҳои пайвастан ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ унвон кард.

Завқӣ Завқизода, муовини аввали вазири рушди  иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар панҷоҳусевумин иҷлоси солонаи Шӯрои машваратии гурӯҳи Маркази тиҷорати ҷаҳонӣ ширкат ва суханронӣ кард.

Ба гузориши “Форс”, Завқизода бо ситоиш аз ҳамкорӣ бо Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар мавриди дастовардҳои ин кишвар, дар чорчӯби иҷрои асноди роҳбурдӣ, аз ҷумла мушорикати Душанбе дар Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ, тақвияти содирот, танаввуъ дар тавлиди маҳсулоти содиротӣ ва осонсозии тиҷорат суҳбат кард.

Вай таъкид кард, тасвиби ин ислоҳот имкони афзоиши саҳми куллии содирот дар тиҷорати хориҷӣ аз 20 дарсад дар соли 2015 то 25.4 дарсад дар соли 2018-и мелодӣ, теъдоди шарикони тиҷорӣ аз 90 то 110 ва анвои маҳсулоти содиротӣ аз 150 то 480 ададро фароҳам кард.

Завқизода омӯзиши 1200 коргари вазоратхона, ниҳодҳо ва бахши хусусӣ, таҳияи стратегияи тавсеаи саноати нассоҷӣ ва пӯшоки Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 ва эҷоди пойгоҳи тиҷории Тоҷикистонро аз ҷумлаи дигар дастовардҳои кишвараш дар чорчӯби ироаи кумакҳои фаннӣ ва молии ин марказ хонд.

Ширкаткунандагони ин иҷлос дастовардҳои Тоҷикистон дар заминаи тиҷорат ва ширкат дар фаъолияти Маркази тиҷорати байналмилалиро ба таври мусбат арзёбӣ ва омодагии худ барои афзоиши ҳимоят дар масирҳои фавқро эълом доштанд.

Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ як созмони байналмилалӣ аст, ки қавонини ҷаҳонии тиҷоратро танзим ва ихтилофоти байни аъзоро ҳаллу фасл мекунад.

Аъзои Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ кишварҳое ҳастанд, ки мувофиқатномаҳо (ҳудуди 30 мувофиқатнома) –и ин созмонро имзо кардаанд. Мақарри Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ дар Женеваи Шваетсария қарор дорад. То соли 2016 теъдоди 164 кишвар узви ин созмон шудаанд.

Афғонистон дар ҳоли ҳозир ҷадидтарин узви ин созмон маҳсуб мешавад.

 

 

 

Барчасп