13 маҳбуси зиндони Хуҷанд ҳангоми интиқол ба зиндонҳои дигар ҳалок шуданд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i44989-13_маҳбуси_зиндони_Хуҷанд_ҳангоми_интиқол_ба_зиндонҳои_дигар_ҳалок_шуданд
Рӯзи 7 июл ҳангоми интиқоли 120 маҳбуси мард ва 8 зиндонии зан аз зиндонҳои Хуҷанд ва Истаравшан ба зиндонҳои Душанбе , Норак ва Ёвон 13 нафари онҳо дар роҳ ҳалок шуданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 08, 2019 11:40 Asia/Dushanbe
  • 13 маҳбуси зиндони Хуҷанд ҳангоми интиқол ба зиндонҳои дигар ҳалок  шуданд

Рӯзи 7 июл ҳангоми интиқоли 120 маҳбуси мард ва 8 зиндонии зан аз зиндонҳои Хуҷанд ва Истаравшан ба зиндонҳои Душанбе , Норак ва Ёвон 13 нафари онҳо дар роҳ ҳалок шуданд.

Ба нақл аз сомонаи Ахбор, Маркази матбуъоти сарраёсати зиндонҳо гуфт, ҳангоми тавақуф дар маҳали Майхӯра, дар  ноҳияи Варзоб яке аз зиндониён 3 нони худро бо 16 нафар аз зиндониён тақсим кард,ки ҳамаи онҳо заҳролуд гардида  ва танҳо се нафарашон зинда монданд.

Маркази матбуоти идораи зиндонҳо номи ин 13 зиндониро мунташир кардааст.

Баррасиҳо барои ангезаи қатли эҳтимолии зиндониён идома дорад.