Июл 09, 2019 12:15 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти хонаводаи тоҷикистонии узви ДИИШ аз Афғоинстон

Аъзои як хонаводаи тоҷикистонии узви ДИИШ пас аз таҳаммули сахтиҳои фаровон ба зодгоҳашон дар шаҳристони Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бозгаштаанд.

Ба нақл аз сомонаи Фарғона, Нодира Усмонова ба тозагӣ  ҳамроҳи 3 фарзандаш аз Афғонистон ба зодгоҳаш баргашта ва мавриди афв қарор гирифтааст.

Сарнавишти ҳамсари ӯ Фарҳод Усмонов, ки худ ба созмони террористии ДИИШ гиравида ва аъзои хонаводаашро тавассути ашхоси вобаста ба ин гуруҳ дар соли 2017 ба Афғонистон мунтақил карда буд ҳануз равшан нашудааст. Илҳом Усмонов падари Фарҳод гуфтааст писараш эҳтимолан дар ихтиёри мақомоти амниятии Тоҷикистон қарор дорад.

Фарҳод Усмонов ва хонаводааш муддатҳо ба дасти ДИИШ ва Толибон  гирифтор буданд, то ин ки тавассути неруҳои давлатии Афғонистон дастгир ва ба мақомоти Тоҷикистон таҳвил дода шуд.

Мақомоти Тоҷикистон қаблан эълом карданд ҳудуди 1900 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ба гуруҳи террористии ДИИШ пайвастаанд, ки аз ин теъдод 500 нафар кушта шудаанд.