Июл 11, 2019 10:21 Asia/Dushanbe
  • Размоиши Чин ва Тоҷикистон дар наздикии марзи Афғонистон

Раиси Дафтари матбуотии Вазорати дифои Тоҷикистон эълом кард неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Чин қарор аст авохири моҳи равони милодӣ дар иёлати худмухтори Бадахшони Тоҷикистон, ки бо Афғонистон ҳам марз аст размоиш баргузор кунанд.

Ин мақоми тоҷикӣ ҳадаф аз баргузории ин размоишро ҳамоҳангӣ миёни неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Чин дар марзҳо ва мубориза бо терроризм унвон кард ва гуфт, Тоҷикистон ин размоишро бо намоиши неруи заминӣ ва неруҳои ҳавоӣ ва неруҳои зиддиҳавоӣ анҷом хоҳад дод.

Ин яке аз размоишҳои комил ва пешрафтаи маъмуриятҳои низомии Тоҷикистон ва Чин аст; пештар дар соли 2016 низ ин ду кишвар размоише мушобеҳ бо ҳузури 10 ҳазор неруи тоҷик ва чинӣ бо истифода аз васоили нақлияи зириҳӣ ва ҳавопаймоҳои низомӣ баргузор карданд.

Размоиши муштараки низомиёни Тоҷикистон ва Чин дар ҳоле баргузор мешавад, ки вазъияти вилояти Бадахшони Афғоинстон ҳаммарз бо Тоҷикистон ва Чин ноором ба назр мерасад. Гуруҳи Толибон чанд минтақаро дар ин вилоят аз солҳои пеш токунун дар ихтиёри худ дорад.