Июл 11, 2019 12:50 Asia/Dushanbe
  • Даъвати донишманди тоҷик барои ҳифзи забони форсӣ-тоҷикӣ дар Бухоро

Донишманди тоҷик муқими Қазоқистон муътақид аст барои зинда мондан ва ҳифзи забони форсӣ-тоҷикӣ дар Бухоро ба ҳимояти давлати Узбакистон ва эҳтимоми умуми тоҷикзабонон ба вижа фарҳехтагони ин кишвар ниёз аст.

Ба гузориши Садои Хуросон доктор Сафар Абдуллоҳ донишманди тоҷики риштаи адабиёт, ки солҳост дар Қазоқистон ба сар мебарад барои ҳифзи асолати забони форсӣ дар сатҳи кишварҳои минтақа талош мекунад. Вай бо интишори матлабе дар Фейсбук таъкид кардааст, ки барои аз байн нарафтани мабонии илмӣ ва донишгоҳии забони форсӣ-тоҷикӣ дар минтақаҳое монанди Бухоро, ки хостгоҳи забону адаб аст, ба амалкардан ниёз аст на ҳарфу сухани изофӣ.

Ин донишманди барҷаста, ки дар гузашта дар муассисаҳои илмии Тоҷикистон фаолият доштааст ва таълифоти фаровоне дар риштаи адабиёт дорад, ба узвияти расмии Фарҳангистони забону адаби форсӣ низ пазируфта шудааст, вай аз фарҳангиён ва огоҳони тоҷикзабони сокин дар тамоми минтақаҳои Узбакистон хостааст, то фарзандони худро барои таҳсил дар донишкадаи флологияи донишгоҳи давлатии Бухоро ташвиқ ва эъзом кунанд.

Ахиран мақомоти Узбакистон ба бозгушоии ин донишкада иқдом карданд, аммо мутасадиёни умур аз теъдоди ками довталабони таҳсил дар ин муассиса ибрози нигаронӣ ва хатар карданд.

Бухоро дар канори Самарқанд ба унвони ду конуни аслии забони форсӣ ва тоҷикии Осиёи Миёна матраҳ буд, аммо сиёсати зидди тоҷикии даврони Шуравӣ ва раёсат ҷумҳурии Ислом Каримов зимомдори пешини Узбакистон, ки ин ду шаҳри таърихӣ дар қаламрави он воқеъ аст, муҷиби танг шудани ҷойгоҳи забони модарии аксари сокинони бумӣ шуд.