Июл 13, 2019 08:49 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қимати барқ дар Тоҷикистон

Қимати барқ дар Тоҷикистон гарон мешавад

Ба нақл аз хабаргузории  Азия Плюс,қимати барқ дар Тоҷикистон аз моҳи сентябри имсол 17 дар сад афзоиш меёбад.

Ҳам акнун ҳар киловват барқи хонагӣ 37/ 19 дирам аст, аммо аз моҳи сентиябр ин рақам барои бахши хонагӣ ва бахшҳои умронӣ ва варзишӣ ба 66/ 22 дирам афзоиш хоҳад ёфт.

Ҳамчунин ҳар киловват барқи масрафӣ барои коргоҳҳои тавлидии санъатӣ 14/ 55 дирам,барои пойгоҳҳои обкашӣ ва марказҳои таъмирии Созмони обёрии вобаста ба давлати Тоҷикистон аз аввали моҳи апрел то охири сентиябр 87/ 7 дирам ва аз аввали октиябр то охири моҳи март 66/22 дирам афзоиш хоҳад ёфт.

Корхонаи Алюминиуми Тоҷикистон ҳам ҳар киловват барқи масрафиро аз аввали моҳи май то охири сентиябр 20/7 дирам хоҳад харид ва дар зимистон  ҳазинаи масрафи ҳар киловват барқ барои ин корхона 80/11 ҳаҳуми дирам хоҳад буд.

Қимати барқ охирин бор дар Тоҷикистон ноябри соли 2018 афзоиш ёфта буд.