Июл 13, 2019 21:18 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти ҳафт тоҷикистонӣ дар Маскав ба зиндонҳои тӯлонимуддат

Додгоҳи низомии Маскав 7 шаҳрванди тоҷикистониро ба ҷурми узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ ва эҷод тасодуфи амдӣ дар масири Маскав – Санкт Петербург ба зиндонҳои тӯлонимуддат маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, додгоҳи низомии Маскав 7 тоҷикистониро ба иттиҳоми эҷоди тасодуфи зоҳирӣ дар масири ҳаракати қатори Маскав – Санкт Петербург ба 15 то 21 соли зиндон маҳкум кард.

Хабаргузории “Азия плюс” навиштааст, ки танҳо ду нафар аз ин афрод ба ҷурми худ эътироф карда ва панҷ нафари дигар дар гуфтугӯ бо расонаҳои русӣ иттиҳомоти додгоҳро такзиб кардаанд.

Бар асоси эъломи додгоҳи низомии Маскав, Муҳаммадӣ Бобоёров, Ҷумъа хон Паймонов, Фарҳод Наҷмиддинов, Суҳробҷон Низомов, Фарҳодҷон Низомов, Абдулғаффор Рауфов ва Ҳамроҳҷон Рауфов аз аъзои ДИИШ будаанд ва ба дастури ин созмони террористӣ дар соли 2017 бо эҷоди тасодуфи амдӣ ба қаторе, ки дар масирт Маскав-Санкт Петербург ҳаракат мекард, осеб задаанд.

Ин афрод моҳи июли соли 2017 дар масири ҳаракати қатори Маскав- Санкт Петербург филизеро насб кардаанд, ки мунҷар ба тасодуфи қатори Сапсан шудааст.

Дар пайи ин иқдом идораи роҳи оҳани Русия эълом кард, ки дар ин ҳодиса панҷ вагони қатор осеб дид ва 55 миллион хисороти молӣ ба ин ширкат ворид шуд, аммо ин ҳодиса ҳеҷ талафоти инсонӣ надошт.

 

Барчасп