Июл 14, 2019 17:36 Asia/Dushanbe
  • Гомҳои мусбати Тоҷикистон дар бозгардондани занону кӯдакони тоҷик аз Ироқу Сурия

Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар моҳҳои ахир илова бар масъалаи бозгашти ҷангҷӯёни эъзомшуда ба манотиқи ҷангӣ дар Сурия ва Ироқ ва пайвастҳои амниятии марбута бо мақулаи бозгашти хонаводаҳои ин афрод низ рӯ ба рӯ шудаанд.

Дар миёни ин кишварҳо Тоҷикистон бештарин талош ва ҷидитарин азмро барои бозгардондани ин гуна шаҳрвандонаш дар пеш гирифтааст. Мақомоти тоҷик муътақиданд, ҳудуди 2000 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар Сурия ва Ироқ ҳузур доранд, ки эҳтимоли он меравад, ҳудуди 500 тан аз онҳо кушта шуда бошанд. 300 нафар низ то кунун ба Тоҷикистон бозгаштаанд. 84 кӯдак, ки падарони онҳо узви ДИИШ буда ва модарони онҳо умдатан дар зиндонҳои Ироқ ба сар мебурданд, аз Бағдод ба Душанбе мунтақил шуданд.

Давлати Тоҷикистон аз соли 2014 фароянди бозгардондани шаҳрвандони худ аз Сурия ва Ироқро оғоз кардааст. Дар ин росто мабоҳиси мутааддиде дар парлумони ин кишвар матраҳ шуд ва зерсохтҳои қонунӣ барои бозгардондани онҳо ва ислоҳияҳои қонунии мавриди назар сурат гирифт.

Созмони Милал низ эълом кардааст, ки аз ин раванд ҳимоят мекунад. Фазои афкори умумии Тоҷикистон низ барои ин мавзӯъ ба шиддат мусоид аст ва ин амр, дар ҳақиқат, ба мавзӯе дар афкори умумии Тоҷикистон барои бозсозии тасвири давлати ин кишвар бадал шудааст. Таҷрибаи ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 яке аз ангезаҳои дигари давлати Тоҷикистон барои ин амр аст.

Агарчи аз соли 2014 нахустин бор Тоҷикистон барои бозгардондани шаҳрвандонаш аз Сурия ва Ироқ эъломи омодагӣ кард, аммо аз соли 2017 буд, ки ин кишвар талошҳои ҷиддии худро дар ин замина оғоз намуд. Зубайдуллоҳ Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувейт аслитарин чеҳраи тоҷик аст, ки дар ин замина фаъол шудааст. Вай талошҳои зиёде дар иртибот бо гурӯҳҳои мухталиф, аз ҷумла курдҳо, нерӯҳои эътилофи амрикоӣ, давлати Ироқ ва дигар бозигарони фаъол дар арсаи майдонии Сурия ва Ироқ анҷом додааст. Гуфта мешавад, вай ба далели иртибототи пешине, ки бо Эмомалӣ Раҳмон доштааст, аз сатҳи қудрат ва ихтиёроти болотаре дар ин росто бархурдор аст. Рӯйкардҳои мубтакиронаи вай дар таомул бо гурӯҳҳо ва ҷараёнҳои мухталиф низ боиси муваффақиятҳои Зубайдзода шудааст. Ӯ ахиран гуфта буд, ки 92 кӯдак ва 43 зани тоҷик дар Ироқ ҳузур дорад, ки хостори бозгашт ба кишвар ҳастанд. Бархе аз онҳо дар кампҳои оворагон ҳузур доранд ва шуморе низ дар зиндонанд.

Бо ин ҳол, раванди бозгардондани ин шаҳрвандон масъалае нест, ки давлати Тоҷикистон ба танҳоӣ битавонад аз уҳдаи он барояд. Дар конфронси байналмилалии ахире, ки дар Душанбе бо ҳимояти молии Арабистони Саудӣ, Қатар ва Русия таҳти унвони "Мубориза бо терроризм ва манобеи молии он" баргузор шуд, давлати Тоҷикистон расман эълом кард, ба танҳоӣ наметавонад чунин равандеро ба саранҷом бирасонад.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон низ талошҳои зиёде дар ин замина сурат додааст. Сироҷиддин Муҳриддин моҳи гузашта дар сафаре ба Ироқ дар ин замина бо муовини вазири хориҷии Ироқ дидор кард. Дар таърихи 12-уми феврали соли ҷорӣ низ вай гуфта буд, ки дар бозгашти тамоми шаҳрвандонашон аз Сурия мусаммам аст. Дар музокира бо мақомоти Ироқ барои тасҳили бозгашти ин афрод муқаррар шуда, ба ҷой ҷаримаи 2500-долларӣ барои вуруди ғайриқонунии онҳо ба ин кишвар давлати Тоҷикистон ба ивази ҳар шаҳрвандаш 400 доллар бипардозад. Музокироти зиёде низ бо вузарои хориҷии Ироқу Кувейт ва дафтари ЮНИСЕФ дар Ироқ барои кумак ба фароянди бозгашти ин афрод тайи ин вақт сурат гирифтааст.

Албатта, Русия ба унвони муттаҳиди Тоҷикистон то кунун аслитарин нақшро дар бозгардондани ин шаҳрвандон ба ин кишвар ифо кардааст.