Юсуф Раҳмон латукӯби маҳбусонро ҳангоми интиқол ба Душанбе рад кард
Додситонии кулли Тоҷикистон хабарҳо дар мавриди латукӯб шудани 14 маҳбусеро, ки ҳангоми интиқол аз Хуҷанд ба Душанбе ҷон бохтанд, рад кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз манобеи хабарии тоҷикӣ,Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 16-уми июл зимни нишасти хабарии худ, латукӯб шудани ин маҳбусонро рад кард ва гуфт, ки эҳтимоли заҳролудшавӣ аз нон вуҷуд дорад ва гурӯҳи вижаи додситонӣ дар бораи чигунагии заҳролуд шудани ин зиндониён таҳқиқ мекунанд.
Вай ҳамзамон гуфт, ин 14 нафар дар ошӯби Ваҳдат даст надоштанд ва интиқоли онҳо аз Суғд ба Душанбе тибқи барнома сурат гирифта буд.
Додситони кулли Тоҷикистон дар бораи ба ду маҳбусе, ки ҳангоми интиқол заҳролуд шуда ва зинда монданд, гуфт, ки ҳоло вазъи саломатии онҳо хуб аст ва аз ташхисҳо гузаштаанд.
Ҳодисаи марги гурӯҳии 14 зиндонӣ дар таърихи 7-уми июл иттифоқ афтод. Дар шарҳи расмии мақомоти низомии зиндонҳои Тоҷикистон дар бораи марги зиндониҳо гуфта шуд, ки ин афрод дар роҳ аз зиндонҳои Хуҷанду Истаравшан ба Душанбе аз истеъмоли нони заҳролудшуда ҷон бохтаанд.
Шарҳи расмии мақомот назар ба ҷавоб, саволҳои зиёде эҷод кард.
Наздикони ҳадди ақал се маҳбус дар сӯҳбат бо расонаҳо гуфтанд, ки бовар надоранд фарзанд ва хешонашон аз заҳролудшавӣ ба ҷон бохтанд.
Шуморе аз онҳо гуфтанд, ки дар бадани пайвандони худ осори латукӯб дида мешавад.