Июл 16, 2019 17:42 Asia/Dushanbe
  • Мубодилаи обу барқ миёни Тоҷикистону Қазоқистон

Вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон гуфт, Қазоқистон дар ивази обе, ки аз махзани Қайроққум дар моҳҳои июл ва август дарёфт мекунад, дар моҳи сентябр ба Тоҷикистон 14 миллион киловатт барқ медиҳад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, тибқи тавофуқоти қаблии миёни Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистон, Душанбе дар моҳи июл барои таъмини ниёзҳои ин ду кишвар ба онҳо 230 метри мукааб об медиҳад. Ба гуфтаи Усмонзода, ҳудуди 150 метри мукааб аз ин об барои таъмини ниёзҳои Узбакистон ва 80 метри мукааб барои таъмини ниёзҳои Қазоқистон пешбинӣ шудааст. Вай афзуд, дар ивази ин Қазоқистон дар моҳи сентябр, замоне ки сатҳи оби махзани Қайроққум коҳиш меёбад, ба Тоҷикистон 14 миллион киловатт-соат барқ содир мекунад. Вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, Тоҷикистон ҳар рӯз ба Узбакистон аз тариқи масири ҷанубӣ 10 то 12 миллион киловатт-соат барқ содир ва аз ин кишвар аз тариқи масири шимолӣ 1.4 миллион киловатт барқ ворид мекунад.

Усмонзода ҳамчунин аз афзоиши 33-дарсадии содироти барқи Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя хабар дода афзуд, дар нимаи аввали имсол Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Узбакистон, Афғонистон ва Қирғизистон ҳудуди 1.3 миллиард киловатт-соат барқ содир карда ва аз ин тариқ беш аз 24 миллион доллар даромад доштааст, ки ин шохис дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузашта беш аз 214 миллион киловатт-соат барқ аст.

Аз аввали соли 2019 дар Тоҷикистон беш аз 10 миллиард киловатт-соат барқ тавлид шуда, ки 6.5 дарсад бештар аз замони мушобеҳи соли гузаштааст.

 

Барчасп