Июл 17, 2019 11:43 Asia/Dushanbe
  • Туркия дуввумин сармоягузори хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон

Сафири Туркия дар Тоҷикистон гуфт: Сармоягузориҳои мустақими хориҷии ин кишвар дар иқтисоди Тоҷикистон 200 миллион доллар будааст.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Али Рифат Киёксал, сафири Туркия дар Душанбе дар ҷамъи расонаҳои Тоҷикистон гуфт: Дар феҳристи сармоягузорони мустақими хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон, Анкара баъд аз Пекин дар рутбаи дуввум қарор дорад.

Вай бо ишора ба 200 миллион доллар сармоягузории мустақим дар иқтисоди Тоҷикистон афзуд: Ин маблағҳо барои иҷрои тарҳҳои мухталиф, аз ҷумла сохти корхонаи тавлиди нӯшобаи Coca-Cola, ранг, мебел ва монтажи автобусҳои мусофирбарӣ истифода шудааст.

Ба гуфтаи сафири Туркия дар Тоҷикистон, 90 ширкати туркии фаъол дар ин кишвар 50 тарҳро дар арсаҳои мухталиф иҷро мекунанд.

Вай гуфт: Қарордодҳои кории иҷрошуда дар Тоҷикистон 600 миллион доллар арзиш дорад.

 

Барчасп