Июл 19, 2019 20:24 Asia/Dushanbe
  • Роҳи Туркманистон ба рӯи мошинҳои борбари Тоҷикистон ҳанӯз баста аст

Туркманистон ҳамчунон дар масири ҳаракати мошинҳои борбари озими Тоҷикистон монеътарошӣ мекунад.

Ба нақл аз CA News, Сӯҳроб Мирзозода, муовини аввали вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон дар Душанбе гуфт: Ройзаниҳо бо тарафи туркманистонӣ дар ин замина бенатиҷа боқӣ мондааст.

Ин мақоми тоҷик гуфт: Идомаи коршикании Туркманистон боис шудааст ронандагони мошинҳои озими Тоҷикистон идомаи сафари худро Гурҷистон, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Узбакистон таъини масир кунанд, ки агарчи гаронтар аз масири Туркманистон аст, аммо чорае ҷуз он вуҷуд надорад.

Дар айни ҳол ба гуфтаи Усмон Қаландаров, муовини роҳи оҳани Тоҷикистон кишварҳои Узбакистон ва Қазоқистон ҳозир шудаанд, таърифаҳои худро барои убури мошинҳои борбари Тоҷикистон ва баръакс то 50 дарсад коҳиш диҳанд. 

Барчасп