Июл 22, 2019 09:43 Asia/Dushanbe
  • Дарёфти тобеъияти Русия аз сӯи 10 ҳазор тоҷикистонӣ таи шаш моҳи имсол

Намояндаи хадамоти муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон вобаста ба Вазорати умури дохилаи Русия эълом кард, таи шаш моҳи имсол 10 ҳазор тоҷикистонӣ тобеъияти русӣ дарёфт кардаанд.

Ба нақл аз сомонаи расмии хадамоти муҳоҷирати Русия,Владислав Марквич ин матлабро дар ҳамоиши баррасии раванди муҳоҷирати тоҷикон дар шаҳри Душанбе иброз кард.

Вай таъкид кардааст,таи солҳои ахир, ҳар сол беш аз 20 ҳазор нафар аз тоҷикистониҳо тобеъияти Русияро дарёфт мекунанд ва теъдоди мутақозиён низ дар ҳоли афзоиш аст.

Аз дидгоҳи намояндаи хадамоти муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон далели умдаи афзоиши афроди мутақозии дарёфти тобеъияти Русия таи солҳои ахир вуҷуди созишномаи ду тобеъиятӣ миёни Душанбе ва Маскав аст,ки заминаи муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ва аъзои хонаводаҳои онон ба Русия барои кор ва зиндагиро фароҳам месозад. Вай гуфтааст таи шаш моҳи соли ҷорӣ раванди муҳоҷирати тоҷикон ба русия 4 дар сад афзоиш ёфта ва теъдоди ихроҷшудагон баракс рӯ ба коҳиш ниҳодааст.Таи ин муддат мавориди нақзи қонунҳои Русия аз сӯи коргарони муҳоҷири тоҷик дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш 34 дар сад коҳиш ёфтааст.

Аз сӯи дигар мақомоти Русия мегуянд дар ҳоли ҳозир коргурӯҳи вижа дуҷониба машғули баррасии дархости тарафи Тоҷикистон барои мавриди ъавф қарор додани 250 ҳазор коргари муҳоҷири ихроҷии тоҷик,ки аз ҳаққи врӯди дубора ба қаламрави Русия маҳрум шудаанд, ҳастанд.