Рушди тавлиди нохолиси молии Тоҷикистон;аз ҳисоби афзоиши тавлиди симонт
(last modified Mon, 22 Jul 2019 05:59:37 GMT )
Июл 22, 2019 10:59 Asia/Dushanbe
  • Рушди тавлиди нохолиси молии Тоҷикистон;аз ҳисоби афзоиши тавлиди симонт

Иқтисоддони тоҷик муътақид аст,рӯшди тавлиди нохолиси молии Тоҷикистон аз ҳисоби афзоиши тавлиди симонт таъмин мешавад.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник,Ҳоҷимуҳаммад Умаров бо ишора ба гузориши Кумитаи омори кишварҳои Ҷомиъаи ҳамсуд,ки эълом кард ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси афзоиши тавлиди нохолиси дохилӣ дар миёни кишварҳои ин Иттиҳодия дар болотарин ҷойгоҳ қарор дорад, ин мавзуро ба афзоиши тавлиди симонт таи солҳои ахир дар ин кишвар муртабит медонад.

Вай гуфтааст дар соли 2018 барои бори нахуст корхонаҳои тавлиди симонти Тоҷикистон беш аз 3 миллион ва 800 ҳазор тон аз ин маҳсули муҳими сохтмониро тавлид карданд,ки як севвуми он ба хориҷ аз ҷумла Узбакистон, Афғонистон ва Қирғизистон содир шуд, аммо афзоиши тавлиди нохолиси молӣ ва рӯшди солонаи иқтисод аз ҳисоби боло будани тавлиди симонт таъсири чандоне дар беҳбуди вазъи маишатии зиндагии мардум надорад; чаро,ки дар маҷмуъ иқтисоди Тоҷикистон заиф аст.

Ба гуфтаи вай дар сурати воқеъӣ будани рӯшди тавлиди нохолиси молии Тоҷикистон бояд заминаи иштиғоли ҳазорон нафар аз ҷавонон фароҳам мешавад,ки ин иттифоқ наяфтод. Аз ин рӯ нерӯи кори ҷавони Тоҷикистон ҳамчунон рафтан ба русия ва фаъолият дар ин кишварро тарҷеҳ медиҳад.