Июл 23, 2019 17:36 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши рӯзафзуни қарзҳои Ширкати “Барқи тоҷик”

Вазорати саноат ва фанновариҳои ҷадиди Тоҷикистон аз Ширкати давлатии “Барқи тоҷик” дархост кардааст, ки қарзи худ аз корхонаҳои истихроҷи зуғолро пардохт кунад.

Ба гузориши сомонаи Вазорати саноат ва фанновариҳои Тоҷикистон, мизони қарзи Ширкати давлатии “Барқи тоҷик” ба корхонаҳои истихроҷи зуғоли “Фон-Яғноб” ва “Комбинати металлургӣ” дар шаш моҳи нахусти имсол 13 миллион сомонӣ (муодил 1 миллиону 400 ҳазор доллар) афзоиш ёфтааст. Бар ин асос мизони қарзи феълии ин ширкат ба корхонаи истихроҷи зуғоли “Фон-Яғноб” 31 миллион сомонӣ ва “Комбинати металлургӣ” 21 миллиону 300 ҳазор сомонӣ аст.

Ин дар ҳолест, ки бидеҳии Ширкати давлатии “Барқи тоҷик” авоили имсол 22 миллиарду 900 миллион сомонӣ эълом шуда буд, ки бидеҳкортарин ширкат дар Тоҷикистон ба ҳисоб меояд. Аз сӯйи дигар Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон дар соли 2018 эълом карда буд, ки қарзи ширкати “Барқи тоҷик” аз нерӯгоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1” ва 2 ба беш аз ду миллиарду 221 миллион сомонӣ расидааст. Бар ин асос ин ширкат аз нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” як миллиард сомонӣ ва аз “Сангтӯда-2” беш аз як миллиарду 221 миллион сомонӣ қарздор аст.